Пайвандҳои дастрасӣ

Хунрезӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия идома кард


Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия мегӯяд, нерӯҳои артиш бо шиллик аз тӯпхонаҳо, дасти кам 19 нафарро дар шаҳри Ҳалаб куштанд. Ду моҳ аст, ки дар ин шаҳр ҷанг миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва шӯришиёни мухолифи ҳукумат идома дорад. Як фармондеҳи артиши Сурия қавл додааст, нерӯҳои ҳукуматӣ то 10 рӯзи дигар шаҳри Ҳалабро дигарбора тассарруф хоҳанд кард. Агарчӣ баъзе аз ноҳияҳои ин шаҳри бузурги Сурияро нерӯҳои ҳукуматӣ гирифтаанд, аммо дар гӯшаҳои дигар шӯришиён муқовиматро идома медиҳанд. Қарор аст, имрӯз авзоъи Сурия дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Араб дар шаҳри Қоҳираи Миср баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG