Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтисоди Тоҷикистон рақобатпазир мешавад?


Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар гузориши тозае гуфт, ки иқтисоди Швейтсарияи кӯчак ҳамчунон рақобатпазиртарин иқтисод дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Вале кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз ин назар ақибнишинӣ мекунанд. Дар Шохиси Ҷаҳонии Рақобатпазирӣ, ки Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ бар асоси назари тоҷирону, нишондодҳои иқтисодӣ нашр мекунад, омадааст, ки Юнони дармондаи аврупоӣ аз зинаи 90 ба мақоми 96 лағжидааст, ки танҳо чаҳор зина боло аз Тоҷикистон аст. Бар асоси ин шохис, иқтисоди Тоҷикистон аз назари рақобатпазирӣ беҳтар шуда ва аз мақоми 105 ба мақоми 100-ум боло рафтааст. Бино бар ин гузориш, бо вуҷуди онки рақобатпазирии иқтисоди Амрико чаҳор соли пайопай заъифтар шуда ва кишвар ҳоло ба мақоми 7 поин омадааст, аммо ҳамчунон аз назари навоварӣ пешсаф аст. Фаронса низ дар ин шохис поён лағжида дар мақоми 21 қарор истодааст. Аз миёни кишварҳои дар ҳоли рушд, Чин аз ҳама боло дар зинаи 29 аст, Эрон дар мақоми 66 ва Русия баъди он дар зинаи 67.
XS
SM
MD
LG