Пайвандҳои дастрасӣ

Рафтори Чину Русия Амрикоро маъюс кардааст


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, сарпечии Русия ва Чин аз эъмоли таҳримоти сахти байналмилалӣ алайҳи режими Сурия, Иёлоти Муттаҳидаро “маъюс” кардааст. Ҳилларӣ Клинтон рӯзи чаҳоршанбе дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, “Монеъ шудани Русия ва Чин ба қабули қатъномаҳои сахт алайҳи Сурия моро маъюс кардааст”. Ӯ афзуд, ки дар мулоқоташ бо Янг Йечӣ, вазири умури хориҷии Чин, “роҳҳои иловагии фишор” барои хотима додан ба низоъ дар Сурияро баррасӣ кардааст. Янг Йечӣ гуфтааст, ки аз миёнҷигарии Ахзар Иброҳимӣ, кишвараш ҷонибдори талошҳои фиристодаи вижаи Созмони Милал барои ҳалли муноқишаи Сурия аст. Русияву Чин, ду узви доимии Шӯрои Амният борҳо монеъи талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои андешидани иқдомоти сахтгирона барои поён додан ба низоъи 17-моҳа дар Сурия шудаанд.
XS
SM
MD
LG