Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби лоиҳаи Кодекси нави андоз дар парлумони Тоҷикистон


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави андозро бидуни ягон тағйиру илова қабул кард. Хабаргузори парлумонии «Озодӣ» мегӯяд, танҳо се нафар мухолифи ин тарҳ раъй додаанд. Қабули Кодекси нави андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар гузашта доираи васеъи соҳибкорон аз он интиқод карда буданд.

Барномаи рушди Созмони Милал ҳам бо анҷоми як таҳқиқот лоиҳаи онро пур аз камбудиҳои ҷиддӣ хонд. Дар пажӯҳиши ин созмон, ки ахиран нашр шуд, омадааст, ки ба ин шакл тасвиб шудани тарҳи Кодекси нави андоз "сарбории бе ин ҳам болои андозро, ки ба рушди иқтисодиёт асари манфӣ мерасонад, бештар хоҳад кард" ва соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар, аз ҷумла "мухобироту саноат" рӯ ба рукуд хоҳанд овард.

Лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон бо исрори созмонҳои байналмилалии молӣ сар аз соли гузашта омода шудааст. Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, пас аз баррасии лоиҳаи нави Кодекси андоз қарор шуд, коҳишҳои ночизи андоз, ки тарҳи нав муқаррар кардааст, то соли 2017-ум тадриҷан роҳандозӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG