Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон бо раҳбарони Чин вомехӯрад


Ҳилларӣ Клинтон ( котиби давлатии ИМА) ва Янг Ечӣ( вазири корҳои хориҷии Чин)
Ҳилларӣ Клинтон ( котиби давлатии ИМА) ва Янг Ечӣ( вазири корҳои хориҷии Чин)
Имрӯз котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон бо чанд раҳбари баландпояи Чин ва аз ҷумла президенти ин кишвар Ҳу Ҷинтао вохӯрда, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва баҳсҳо дар ҷаҳри Ҷанубии Чинро арзёбӣ мекунад. Рӯзи сешанбе дар арафаи вуруди хонум Клинтон вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, Пекин бовар дорад, ки Вашингтон “ба ваъдааш вафо карда, ба таҳкими назму суботи минтақа кӯшиши кумак хоҳад кард, на баръакс. Пеш аз сафари Чин дар Индонезия котиби давлатии ИМА аз кишварҳои узви Иттиҳодияи ҷанубу шарқи Осиё (АСЕАН) даваъ кард, ки мавқеи муштарак ихтиёр намуда, баҳри қабули як оинномаи ҳалли баҳсҳои минтақавӣ дар баҳрҳоро қабул кунанд. Чин бо чор узви АСЕАН баҳси минтақавӣ дорад.
XS
SM
MD
LG