Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиён ба Бадахшон фиристода шуданд


Сарбозони тоҷик дар Рӯзи артиш
Сарбозони тоҷик дар Рӯзи артиш
Хабаргузории Интерфакси Русия аз шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки рӯзи сешанбе 180 афсару сарбози вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон фиристода шуданд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ низомиён дар Хоруғ мустақар шудаанд. Як ходими вазорати мудофиа ба Интерфакс гуфтааст, ки 180 афсару сарбози вазорати мудофиа барои таъмини амнияти сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон фиристода шуданд. Ин мансабдор гуфтааст, ки сарбозон баъди зиёрати президенти кишвар аз Бадахшон, ки эҳтимолан 15-16-уми сентябр доир хоҳад шуд, ба ҷойи пештараашон бармегарданд. Мансабдори вазорати мудофиа таъкид кардааст, ки замони боздиди президенти Тоҷикистон аз Бадахшон метавонад тағйир ёбад. Ибтидо пешбинӣ мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон 9-уми сентябр дар рӯзи ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба Хоруғ сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG