Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани демократҳои ИМА ифтитоҳ ёфт


Дар шаҳри Шарлоттаи аёлати Каролинаи Шимолӣ Анҷумани ҳизби демократи президенти ИМА Барак Обама расман ифтитоҳ ёфт. Дар нишасти серӯза демократҳои Амрико Обамаро ҳамчун номзад ба курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар пешбарӣ хоҳанд кард. Дар интихоботи моҳи ноябр Обама бо номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ Мит Ромнӣ-собиқ волии аёлати Массачуссетс, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин анҷуман вакилони ҳизби демократ платформаи беруншавии нерӯҳои ИМА аз Афғонистон то охири соли 2014-ум ва ҷилавгирӣ аз дастравии Эрон ба силоҳи ҳастаиро тасвиб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG