Пайвандҳои дастрасӣ

Дар китоби маҳви Лодин асрор ошкор шудааст


Ҷорҷ Литл-сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА

Ҷорҷ Литл-сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА

Як мансабдори вазорати мудофиаи ИМА изҳор намуд, ки дар китоби собиқ сарбози нерӯҳои таъйиноти махсуси ин кишвар Мет Биссоннет дар бораи амалиёти маҳви Усома бин Лодин маълумоти сиррӣ ошкор шудааст. Сухангӯи вазорати мудофиаи ИМА Ҷорҷ Литл мегӯяд, таҳқиқи расмии китоби “Рӯзи душвор” собит мекунад, ки дар он маълумоти ҳассос ва сиррӣ ҷой дода шудааст. Литл меафзояд:
“Мо комилан мутмаин ҳастем, ки қабл аз нашри ин китоб таҳқиқи пешакии он лозим буд. Ин амал иҷро нашуд ва муаллиф хилофи қарордоди роздориаш бо ҳукумати ИМА амал кардааст.
Литл нагуфт, ки нашри китоб чӣ зараре дар пай хоҳад овард. Вакили мудофиаи муаллиф ин иддаоро, ки тибқи қонун китоб бояд пеш аз нашр таҳқиқ мешуд, рад кардааст.
XS
SM
MD
LG