Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике дар баҳси додгоҳӣ бар телевизиони Перм пирӯз шуд


Яке аз додгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Яке аз додгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Матбуоти Русия эътибори тоҷиконро поин бурд ва онҳоро ба истилоҳи худ наркобарон муаррифӣ кард.

Аммо Сайфиддин Одинаев - раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Перм исбот кард, ки чунин нест ва дар як мурофиа ё дар як баҳси додгоҳӣ пирӯз шуд.

Асли қазияи ин аст, шабакаи маҳаллии телевизиони ин минтақа дар барномае ба Одинаев тӯҳмат зад, ки вай бо қочоқи маводи мухаддир машғул аст. Одинаев телевизионро ба додгоҳ кашид ва дар додгоҳ собит сохт, ки барномаи телевизионӣ дурӯғ гуфтааст. Додгоҳ баъд аз расидагиҳои тӯлонӣ ҳукм баровард, ки телевизион 150 ҳазор рубли русӣ барои расонидани зарари маънавӣ ба Одинаев бояд ҷуброн пардохт кунад. Аммо Вячеслав Дегтярников-муаллифи барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба догоҳи минтақаӣ шикоят хоҳад бурд.

Дар матбуоти Русия дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менависанд ва онҳоро қочоқчии маводи мухаддир муаррифӣ мекунанд. Вале на ҳар кас аз тоҷикон ҷуръат дорад барои ҳимоят аз эътибори худ ба додгоҳ муроҷиат кунад.
Чаро? Барои он ки онҳо медонанд, ки дар додгоҳҳои Русия пирӯзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон хеле кам муяссар мешавад. Бо назардошти чунин мушкил ҳамаи онҳо ба додгоҳ муроҷиат намекунанд

Дар мусоҳибае аз Сайфиддин Одинаев пусидам, оё бовар дошт, ки дар ин мурофиа пирӯз мешавад?

Одинаев: Дар ҳақи ман ин гапҳо ҳамааш тӯҳмат буданд ва ман маҷбур шудам, ки аз болои одамоне, ки ба ман тӯҳмат карданду дурӯғ гуфтанд, шикоят нависам.

Суол: Шумо ба куҷо навиштед?

Одинаев: Ман ба додгоҳи ноҳияе, ки идораи телевизион дар он ҷост, навиштам.

Озодӣ: Боварӣ доштед, ки дар ҳамин мурофиаи додгоҳӣ ғалаба мекунед?

Одинаев: Боварӣ доштам. Ман ҳеҷ вақт аз чаҳорчӯбаи қонун набаромадаам ва намебароям. Барои ҳамин ман боварии калон доштам, ки ғалаба мекунам. Ман мехоҳам, ки ин проблемаи ба сари ман омада ба дигар ҳамватанони мо дарс шавад ва ибрат гиранд ва натарсанд. Онҳо бояд ҳуқуқи худашонро муҳофизат кунанд. Ҳар мушкиле, ки ба сарашон омад, бояд нависанд. Бояд ҳуқуқи худро донанд ва бифаҳманд, ки онҳо гунаҳгор нестанд. Дар ҳақи онҳо тӯҳмат мезананд.

Озодӣ: Ҷаноби Одинаев, ҳоло ҳукми додгоҳ чӣ аст?

Одинаев: Имрӯз додгоҳ ҳукми худро содир кард. Мо ҳақ баромадем. Ба тӯҳматчиҳо гуфт, ки бояд ба маблағи 150 000 рубл ба ҳисоби мо гузаронанд.

Озодӣ: Ин маблағ барои чӣ аст?

Одинаев: Барои расонидани зарари маънавӣ ба ман.

Озодӣ: Ҷонибе, ки тӯҳмат кард чӣ мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ розӣ аст?

Одинаев: Ҷониби тӯҳмат бо қарори додгоҳ розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ки ба додгоҳи минтақавии Перм шикоят менависад ва ҳукми ин додгоҳро қабул надорад. Вале ҳақ ба ҷониби мост. Мо дар он ҷо низ ғалаба мекунем.

МАТБУОТИ РУСИЯ ТӮҲМАТ ҲАМ МЕЗАНАД

Вале агар ҳар кас ба матбуоти Русия назар андозад, тақрибан дар ҳар рӯзнома ва дар ҳар сомонаи интернетӣ хабаре ба чашм мерасад, ки касеро аз шаҳрвандони Тоҷикистон қочоқчӣ ва ё одамкушу дузд муаррифӣ мекунанд. Ҳатто дар баъзе мавридҳо худи “русҳо” шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иштибоҳ таҳрик мекунанд.

Вале ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон имкон ва ҷуръати шикоят бурдан ба додгоҳро надоранд, вагарна шояд чандин нафари онҳо аз ин расонаҳои хабарӣ Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов

ҷарима меситониданд ва тӯҳматро аз худ мешустанд.

Гузашта аз ин, шояд дар он сурат рӯзномаву телевизионҳо қабл аз пахши хабарҳои тӯҳматангез андеша мекарданд, ки мабодо ҳамин гуна сарнавишт ба сари онҳо ҳам наояд ва онҳо ҳам ҷарима нашаванд.

Абдулло Давлатов-раиси ҷамъиятии "Иттиҳодияи тоҷикони Русия”дар сӯҳбат бо мо гуфт, чунин намунаҳо дар матбуоти Русия зиёданд:

Давлатов: Тӯҳмате, ки дар ҳақи ҷамъияти тоҷикон ва умуман ҷамъияти тоҷикони Перм буд, намунаест. Муттасссифона имрӯзҳо ин хел хабарҳои тӯҳматангезро дар расонаҳои хабарии Русия дар ҳақи тоҷикон пайдо кардан мумкин аст. Агар фақат рӯзномаи “Московский Комсомолец”-ро бигиред, чӣ мақолаҳову хабарҳои тӯҳматангезро наменависад. Ҳамин рӯзнома, масалан, бояд барои чунин мавод ба додгоҳ кашида шавад, чун ин рӯзномаест, ки байни миллатҳо фитна меангезад. Вале он чӣ дар перм рух дод, ҷавонамардӣ карданд, тавонистанд масъаларо ба додгоҳ кашанд. Шабакаи телевизионие, ки ба Сайфиддин Одинаев тӯҳмат кард, кӯшиш ба харҷ дод ва бо Евгений Ройзман, ки хазинаи фитнаангези “Мубориза бо маводи мухаддир” дорад, пикетҳо ҳам ба зидди Одинаев ташкил карда буданд. Вале додгоҳ ин ҳақиқатро рӯи об баровард. Истодагарӣ, пофишорӣ ва ҷавонмардии худи Сайфиддин Одинаев буд, ки ҷасурона дар чаҳорчӯбаи қонун ҳақиқатҷӯӣ кард ва ба ҳақиқат расид.

Озодӣ: Дар Русия консулгариҳо ва сафорати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Оё имкон дорад, ки дар чунин мавридҳо онҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври расмӣ кӯмак кунанд?

Давлатов: Албатта, онҳо дар чаҳорчӯбаи ваколатҳои худашон метавонанд аз ҳамватанон ҳимоят кунанд, дар он сурат мо метавонистем чандин рӯзномаву шабакаҳои телевизионҳои тӯҳматгари Русияро ба догоҳ кашонем ва ҳақиқатро нишон диҳем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG