Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯяд, зимистони имсола низ бо лимити нирӯи барқ хоҳад гузашт.

Ба гуфтаи мақомоти ин ширкат, маҳдудият дар сатҳи соли гузашта хоҳад буд. Тоҷикистон, ки дар зимистон ба 3 миллиард киловатт барқ ниёз дорад, инак 20 сол боз фаслҳои сарморо бо айни лимит сипарӣ мекунад ва аксари манотиқаш то 7 моҳи сол дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соати ангуштшумор барқ мегиранд. Бо ин ҳол, Нозирҷони Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯяд, омодагиҳо ба фасли тирамоҳ ва зимистон хуб ҷараён дорад: «Омодагиҳо хубанд ва то имрӯз ҳамаи корҳо иҷро шудаанд».

Ҳарчанд то фаро расидани фасли сармо се моҳи дигар боқӣ мондааст, аммо сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба таври шитобзада дар талоши захира кардани маводи сӯхт, ба хусус ангишт будаанд. Баҳрулло, сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки аксарияти мардуми ин минтақа аллакай аз моҳи июл дар фикри захира кардани ангишт ва дигар маводи сӯхт уфтодаанд, чунки дар миёни мардум овозаҳое сар зада, ки зимистони имсола мисли соли гузашта барвақту сард хоҳад омад: «Овозае паҳн шуд, ки гӯё тағйирёбии обу ҳаво дар қаламрави кишвар сар мешавад. Ва боронҳои дарозмуддат борида, зимистон ба мисли соли гузашта тӯлонӣ давом меёбад. Ҳамин, ки зимистон омад, чун анъана нарху навои сӯзишворӣ боло меравад, хоҳӣ нахоҳӣ. Барои ҳамин мардум мехоҳанд, ки саривақт захира кунанд».

Соли гузашта зимистон хеле сард омад ва захираи маводи сӯхт барои аксарияти мардуми Тоҷикистон кифоят накард. Як сабаби аз ҳоло ба тайёрӣ ба зимистон тараддуд кардани мардум низ ҳамин аст, вале ин таҳлука боиси афзоиши нархи ангишт дар бозор шудааст. Баҳрулло, сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ҳар тонна ангишти дохилӣ 450 сомонӣ ё ҳудуди 100 доллар фурӯхта мешавад. Агар соли Дар пайи овозаҳо, нархи ангишт афзоиш ёфтааст.

Дар пайи овозаҳо, нархи ангишт афзоиш ёфтааст.

гузашта ҳар кило ангишти тавлиди кони Зиддӣ 70-80 дирам, ангишти ноҳияи Айнӣ - 1 сомонӣ ва аз Қирғизистон -1 сомониву 20 дирам арзиш дошт, ҳолонархи онҳо мутаносибан ба 1 сомониву 20 дирам, 1 сомониву 50 дирам ва 2 сомонӣ расидааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини ниёзҳои бозори дохилӣ аз моҳи май содироти ангиштро манъ кардааст. Бештар шудани талаботи мардум ба ангишт, аз сабабҳои боло рафтани қимати он гуфта мешавад. Аммо Баҳриддин Абдураҳимов, сардори раёсати саноати ангишти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон махориҷи васоили нақлия барои интиқоли ангишт аз маодини онро сабаби то андозае боло рафтани қимати ангишт медонад. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Абдураҳимов, захираи ангишт дар конҳои кишвар кофӣ буда ва барои таъминоти аҳолӣ мерасад:

«Ҳамасола истихроҷи ангишти мо дар моҳҳои август ва сентябр ба нақша гирифта шудааст. Ва асосан дар моҳи сентябр. Вале имрӯз аҳолӣ ва дигар муштариён метавонанд аз конҳои ангишти мо харидорӣ намоянд. Имрӯз масалан дар кони Зиддӣ мо метавонем, ки дар як рӯз то 2-3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кунем, аммо аз сабаби камии харидор истихроҷи ангишт то 1,5 ҳазор тонна мерасаду халос».

Дар ҳоле, ки бештари сокинон аз ҳоло дар фикри захира кардани маводи сӯхтӣ Ҳавошиносони тоҷик барои пешбинии дарозмуддати ҳаво, бо мутаххасисони рус ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ҳавошиносони тоҷик барои пешбинии дарозмуддати ҳаво, бо мутаххасисони рус ҳамкорӣ хоҳанд кард.

барои фасли зимистон ҳастанд ва нигаронӣ ҳам аз он доранд, ки боз ҳам сардиҳо дар пешанд, аммо пешгӯйиҳои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар ин замина чӣ гуна аст?

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод тавони пешбинии ҳаво барои танҳо 10 рӯзи ояндаро дорад ва барои пешбинии дарозмуддат як ҳайъати ҳавошиносони тоҷик ба зудӣ ба Русия сафар хоҳанд кард: “Мутахассисони марказ нияти сафар ба Русияро доранд. Ва зимни ин сафар бо кӯмаки мутахассисони маркази ҳавошиносии Русия маълум хоҳад шуд, ки дар фасли зимистон чӣ гуна ҳаво Тоҷикистонро интизор аст, чунки мо чунин қувваи фаннӣ ва мутахассисони лозим барои инро надорем».

Феълан дар Тоҷикистон 14 корхонаи тавлиди ангишт фаъол аст, ки то имрӯз 220 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 дарсад бештар аст. Аммо бино ба омори овардаи вазорати энерживу саноат, фурӯши ангишт низ дар кишвар то имрӯз ба 230 ҳазор тонна расидааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш низ 50 фоиз зиёдтар мебошад.

Соҳибаи Кароматулло, Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG