Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири Русия боз ба Тоҷикистон меояд


Анатолий Антонов
Анатолий Антонов
Анатолий Антонов-муовини вазири дифои Русия дар миёнаҳои моҳи сентябр аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард. Дар ин бора даҳтари матуботии вазорати дифои Русия ба радиои Озодӣ хабар дод.

Қарор аст дар ҷараёни ин боздид Антонов тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистонро бо роҳбарони Тоҷикистон баррасӣ кунад.

Ҷаноби Антонов дар боздиди қаблии хеш дар авоили моҳи август, ки дар сафорати Русия дар Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат мекард гуфт, матни созишномаи тарафҳо дар бораи ин пойгоҳ тақрибан ниҳоӣ шуда ва қарор аст дар ояндаи наздик ба имзо бирасад.
XS
SM
MD
LG