Пайвандҳои дастрасӣ

Қонунгузории Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар ивази ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ кадом имтиёзеро пешбинӣ намекунад.

Аммо мақомот баъзан дар амал чунин ҳамкориро бо роҳҳое тақдир мекунанд. Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, гуфт, мардуми тоҷик ҳанӯз омодаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои интизомӣ нест. Аммо онҳо дар асоси низомномаҳои дохилиидории худ омодаанд, барои иттиллоъ ва хабари муҳим шаҳрвандро ҳавасманд гардонанд.

“Дар мо ҳам ин чиз вуҷуд дорад. Он шаҳрвандоне, ки ихтиёрӣ бо хоҳиши худ ба мақомот хабар медиҳанд, аз тарафи роҳбарият ба таври якдафъаина ҳавасманд гардонида мешаванд. Сад афсӯс, ки дар мо чунин мардум хеле кам аст. То агар худашон қурбони ғадр нашаванд, ё дучори кадом фанду фиреби коррупсионӣ нашаванд ё ба доми қаллобе наафтанд, хомӯш меистанд ва сипас Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

ариза навишта шикоят мекунанд. Афсӯс дар мо ҳамин гуна ҳолат то ҳоло нест, ки як шаҳрванд омада хабар дода бошад, ки дар фалон идора ва ё дар фалон корхона, мисол аз тарафи кадом шахси мансабдор чунин кор шудааст. Дар мо хеле ва хеле кам аст.”

Ахиран ҳукумати Қазоқистон барои ҷилавгирӣ аз мавридҳои фасод қарореро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он шаҳрвандон метавонанд дар ивази чунин иттиллоъ аз 30 то 100 маоши ҳадди ақал, яъне то 9000 евро ҷоизаи пулӣ дарёфт кунанд. Қаблан Русия низ чунин имтиёзҳоеро қонунӣ карда буд. Бархе аз соҳибназарони тоҷик бар ивази ҷоиза, дарёфт кардани маълумотро барои маҳор кардани ҷиноят як таҷрибаи маъмулӣ ва шоистаи пайравӣ меҳисобанд.

Ватан Абдураҳмонов, масъули маркази таълимии ҳуқуқ ва собиқ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, мегӯяд, чунин таҷриба дар хеле аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст ва агар дар Тоҷикистон низ аз он истифода шавад, пеш аз ҳама бояд масъалаи маблағгузорӣ ҳаллу фасл шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Абдураҳмонов, давлат бо онки як чунин таҷрибаро дар шакли қонун бипазирад, зарур аст, ки маблағи муайянеро барои иҷрои он ҷудо кунад.

Вай афзуд, “агар ҳамчунин қонун қабул ва маблағ ҷудо карда шавад, чунин таҷрибаро истифода кардан имконпазир аст. Агар барои ин кор маблағ ҷудо шавад, одамон хабар додан мегиранд. Дар ҷумҳурии мо одамони камбизоат кам нестанд. Аз ин ҷиҳат, фикр мекунам, ин кор бар фоида ва манфиат хоҳад буд.”

Як мавриди ахири тақдири шоҳиди калидӣ марбут ба таҳқиқи парвандаи шавҳари хоҳарбузурги раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Вазорати умури дохилӣ тасдиқ кард, ба нафаре, ки исми кушандаи Холмӯъмин Сафаровро ифшо кард, дар Душанбе манзил ҳадя кардаанд.

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд додани ҷоизаи пулӣ барои ҷилавгирӣ аз мавориди ришват ва фасод дар Тоҷикистон мушкилот ва дардисарҳоеро барои ниҳодҳои зидахл низ пеш меоварад. Зеро мегӯяд ҷаноби Хилватшоҳ, фасод дар Тоҷикистон шурӯъ аз боғчаи кӯдакону дабистон то идораҳои давлатӣ густариш ёфтааст ва ҷоизаҳои пулӣ метавонад мавридҳои сӯистифода аз ин имтиёзро низ пеш биорад: “Сатҳи нодорӣ ва фақр, пастии ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки як чунин амал пиёда шавад. Агар як чунин ба тасвиб бирасад ва барои гирифтани пора ё пешниҳод кардани ришва ва фош кардани ин сир ба Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд

мақомот аз сӯи мардум хабар расонида шавад, фикр мекунам, ки камтар касе дар берун мемонад. Зеро дар Тоҷикистон cатҳи зиндагӣ ва маоши одамон кам аст ва табиист, ки аз боғча то мактаби олӣ ва дар дигар корхонаҳои мухталифи Тоҷикистон пора ва ё чизе ба ҷои он мегиранд.”

Бо ин ҳама Фаттоҳ Сайидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, мавридҳое, ки ба маҳзи иттиллои расондаи шаҳрвандон ҷиноятҳои фасодкорӣ маҳор шудаанд, вуҷуд доранд, аммо хеле каманд. Ӯ афзуд расондани маълумот барои ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро бештари мардуми тоҷик, як навъ "хабаркашӣ" ҳисобида аз он худдорӣ мекунанд. Ба ақидаи раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ҳарчанд қонунҳое назири қонун дар бораи ҳимояти шоҳидон ва ширкатдорони мурофиа кафолати амнияти онҳоро додааст, аммо ҳанӯз ҳам таҳти таъсири тарс аз замони "қумандонсолорӣ", сокинон сукутро аз ҳамкорӣ бо мақомот авлотар медонанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси натиҷагирии созмони Транспаренси интернешнал ё Шаффофияти байналмилал, Тоҷикистон дар радифи даҳ кишвари фасодзадатарини олам қарор гирифта, пажӯҳишҳои дохилӣ густариши фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатиро таҳдид ба амнияти миллии ин кишвар арзёбӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG