Пайвандҳои дастрасӣ

Мухлисони дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар ҳар бозӣ аз ин даста ба таври бесобиқа ҳаводорӣ менамуданд, зоҳиран камнамо шудаанд.

Дар бозии миёни дастаҳои "Равшан"-у "Хуҷанд", ки 31-уми август дар Кӯлоб баргузор ва бо пирӯзии мизбонҳо анҷом ёфт, нисфи варзишгоҳи марказии Кӯлоб холӣ аз ҳаводорон буд.

Дар ҳоле ки дар бозиҳои соли гузашта ва оғози соли ҷорӣ барои бархе мухлисон дар варзишгоҳ, ки беш аз 15 ҳазор ҷои нишаст дорад, ҷой намерасид. Баҳром Рустамов, сардори дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб мегӯяд, холӣ будани нисфи варзишгоҳ дар 31-уми август маънои аз даст додани мухлисонро надорад. Ӯ афзуд, вуруди ками мухлисон дар бозии охир сабаби иштибоҳ шудан дар эълони таърихи бозиҳо буд, на чизе дигар.

Ба гуфтаи Рустамов, мувофиқи ҷадвали бозиҳо дастаи "Равшан" ва "Хуҷанд" бояд якуми сентябр бо ҳам бозӣ мекарданд, вале ин бозӣ як рӯз пеш аз мӯҳлат баргузор шуд, ки аксари мухлисон бехабар монданд. "Фикр намекунам, ки мухлисон кам шудаанд. Дар ин бозии охир ҳам зиёда аз 5 ҳазор мухлис буд, ки на ҳар даста чунин мухлис дорад. Билет ҳам қимат нест, ки мо сабабшро дар он донем. Бовар дорам, дар бозиҳои дигар шумораи мухлисон афзоиш меёбад",-изҳори умед кард раҳбари дастаи "Равшан".

Баҳром Рустамов

Баҳром Рустамов

Аммо Ҷамшед Сатторов, як мухлиси ин даста, мегӯяд, фишори кормандони милиса ва ҷарима намудани беш аз сад мухлис дар соли гузашта бисёриҳоро аз ҳаводории даста дилсард кардааст. Ҷамшед мегӯяд, ӯ ҳам як мухлис буд, вале ҳоло ҳарчанд, дилаш мехоҳад, аммо наметавонад, ба ҳаводории даста ба варзишгоҳ равад. "Зеро Худо раҳми маро хурду ҷаримаам накарданд. Дигар ҳамаи рафиқонамро аз 600 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Баъзеаш нони хӯрдан надошт ва баъд аз ҳамин қарз гирифта ба Русия рафтанд. Он ҷанҷолҳои соли гузашта як "провакатсия" буд ва кӣ медонад, ки имсол чунин мешавад ё не? Барои ҳамин иштирок накардан беҳтар аст",-афзуд ӯ.

Аммо Дилшод Назирмадов, яке дигар аз мухлисон ин даста мегӯяд, воқеан, теъдоди мухлисон дар тобистони имсол коҳиш ёфта буд, аммо ин ба таътили тобистонаи донишҷӯён рабт дошт. Ба гуфтаи ӯ, аксар мухлисони "Равшан" донишҷӯёнанд, ки дар тобистон ҳамагӣ дар таътил берун аз шаҳр буданд ва имкони иштирок дар бозиҳоро пайдо намекарданд. Вай илова кард, "Як ҷиҳати дигар ҳам аз эҳтимол дур нест, ки таъсир расонида бошад. Ҳозир дар даста бисёре аз бозигарон зархарид ҳастанд ва бозигарони маҳаллӣ камтаранд. Дар пушти ҳар бозигари маҳаллӣ ҳазор нафар ҳаммаҳалааш мухлисӣ мекард, шояд баъди рафтани онҳо ҳам ин мухлисон дигар ба ҳаводорӣ наоянд."

Каромати Тӯрахон, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳам ҳаводорӣ аз ин дастаро дӯст медорад, вале бо тақозои волидон аз ҳаводории ин тим даст кашидааст: "Мехоҳам рафта мухлисӣ кунам, лекин ҳам падар ва ҳам модарам сахт таъкид карданд, ки нарав. Асосан ман гапи падару модарамро гирифта намеравам, вагарна бисёр мухлисиро дӯст медорам. Ҳарчанд падару модарамро мефаҳмонам, ки тинҷӣ ҳаст, вале онҳо розӣ намешаванд."

Соли гузашта дар миёнаи моҳи июн ҳангоми бозии миёни "Истиқлол" ва "Равшан" дар Кӯлоб беназмӣ рух дода буд, ки дар паи он даҳҳо нафар боздошт ва беш аз сад нафар ба ҷавобгарии маъмуриву ҷиноятӣ кашида шуданд. Пас аз ин теъдоди нерӯҳои интизомӣ дар ҷараёни бозиҳои ин даста афзоиш ёфта, ба мухлисон халал мерасониданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG