Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ мегӯяд, манбаи маҳрами дарёфти номаро ошкор намекунад


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, манбаи дарёфти номаҳои маҳрами ҳукуматро ошкор нахоҳад кард.

Муҳаммадалии Ҳайит-муовини раиси ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, дарёфти ҳамчунин номаҳо ҳаққи қонунии ҲНИТ аст ва дар ҳоли дифоъ аз манофеъаш омода аст, ҳуҷҷатҳои дигари муҳимро низ расонаӣ кунад.

Ахиран ин ҳизб дар сомонааш мактуби махфии Абдураҳим Холиқов-раиси Кумитаи дини Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур нашр кард, ки 16 августи соли 2010 навишта шудааст.

Муовини раиси ҳизб мегӯяд, ин санад ҳанӯз соли гузашта дар ихтиёри ҲНИТ қарор дошт ва аз масъулини Кумитаи дин шарҳи онро талаб карда буданд, аммо то ба ҳол посухе нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, як нафари огоҳ аз ин қазия гуфт, соли гузашта ошкор шудани нома дар Кумитаи дин боиси аз кор барканор кардани афроди «шубҳаангез» ва «наздик ба ҲНИТ» шуда буд, аммо пас аз он собит шуд, ки манбаъи «фирори иттилоъ» на Кумитаи дин, балки идораи дигар будааст ва инро рақаме ифшо сохтааст, ки дар поёни мактуб омадааст.

Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон то ба ҳол дар ин маврид вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG