Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраҳои омӯзишии забони русӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст


Русия эълон кард, ки давраҳои омӯзишии забони русӣ барои кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон оғоз шудааст. Ожонси федеролии ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеи Русия рӯзи сешанбе гуфт, дастикам 20 афсари додситонии кулл, вазорати дифоъ ва кормандони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар ин давраҳои омӯзишӣ забони русӣ ёд бигиранд.

Интизор меравад, ки кормандони пулис ҳам дар ин давраҳои омӯзишӣ номнавис шаванд. Моҳи июл Русия ба вилояти Суғд 200 муаллими забони русӣ фиристод.

Омӯзиши забони русӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, заиф шудааст.
XS
SM
MD
LG