Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти World Media Alliance дар Тоҷикистон оғоз ёфт


Беҳруз Зеваров

Беҳруз Зеваров

World Media Alliance-пойгоҳи мустақили сабту пахши мусиқӣ дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Беҳрӯз Зеваров-таҳиягари тоҷик, ки намояндаи ин ширкат дар Осиёи Марказӣ таъин шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкорӣ бо ин ширкат ба шоу-бизнеси Тоҷикистон ва минтақа такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Вай афзуд, чунин таҷрибаи ҳамкорӣ то ҳол дар Тоҷикистон набуд ва акнун ҳунармандони театру мусиқии тоҷикро аз ин роҳ мешавад ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, агар ҳунари онҳо ба меъёру сатҳи байналмиллалӣ мутобиқат кунад.
XS
SM
MD
LG