Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъзоми нерӯҳо. Аз Душанбе ба Хоруғ, аз Хоруғ ба Мурғоб


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабарҳое, ки дастраси мо шуд, гурӯҳе аз кормандони сохторҳои қудратӣ ба шаҳри Хоруғ фиристода шудаанд.

Бар пояи хабарҳое, ки дастраси мо шуд, дар нимаи дувуми рӯзи 3-юми сентябр, шаш автобуси ҳомили сарбозон ва кормандони вазорати умури дохилӣ, Гурӯҳи махуси вокуниши сареъ ва кормандони шӯъбаҳои амниятӣ ба фурудгоҳи Душанбе оварда шуда, аз ин ҷо тавассути ҳавопаймо ба Хоруғ интиқол ёфтаанд. Як корманди Гурӯҳи зудамали вазорати умури дохилӣ, ки аз баёни номаш худдорӣ кард, рӯзи сешанбе, 4-уми сентябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳамин мақсад гурӯҳи кормандони ноҳиявии онҳо аз шаҳри Исфара ва кормандони амниятӣ, гурӯҳи махуси вокуниши сареъ (СОБР) аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Мастчоҳ ба Душанбе омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, як корманди вазорати умури дохилӣ гуфт, дар ҳақиқат, кормандони ниҳодҳои қудратӣ бо шумули сарбозони Горди миллӣ ба хотири таъмини бехатарии сафари президент ба Хоруғ интиқол дода хоҳанд шуд, ки гурӯҳи аввал аллакай фиристода шудааст. Ин мусоҳиби мо афзуд, қарор аст, дар ҳафтаҳои наздиктарин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ сафар кунад. “Дар остонаи сафари раисиҷумҳур ниҳодҳои қудратӣ муваззафанд, шароити бехатариро фароҳам созанд. Дар ҳар сафари президент сарфи назар ба кадом минтақа ва кадом кишвар ҳатман тадобири амниятӣ андешида мешавад",-афзуд манбаъ.

Як манбаи мӯътамад дар Хоруғ ба мо гуфт, рӯзи 4-уми сентябр тақрибан 300 сарбозу афсарони Идораи марзбонӣ тавассути роҳи нақлиётӣ ба Хоруғ расида, аз ин ҷо ба қисми марзбонӣ дар Мурғоб сафарбар шуданд. Дар маросими гусели сарбозону афсарон аз кӯчаҳои шаҳр аъзои гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ ва ихтиёриёни шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд.

Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев

Вале сокинони ноҳияи Шуғнонро эъзоми ғайриинтизори низомиён ба минтақаи амни Мурғоб ба нигарон кардааст. Ба гуфтаи онҳо фаъол набудани нуқтаҳои радио ва телевизиони маҳаллӣ ва холигоҳи иттиоотӣ онҳоро дар мавриди хаводиси ахири минтақа ба ташвиш овардааст. Ноҳияи Мурғоб бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон марзи муштарак дорад.

Роҳбари гурӯҳи 20-нафарии миёнҷӣ дар қазияи Хоруғ, Наврӯзмамад Наврӯзмамадов, гуфт, мақомот онҳоро қабл аз эъзоми нерӯҳои марзбонӣ ба Мурғоб огоҳ карда буданд. Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев аз фаъолшавии Толибон дар маҳалҳои Баҳорак, Зебок ва вулусволии Шуғнони Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, онҳо метавонанд боис ба ташаннуҷи авзоъ дар марз шаванд. Вазири дифоъ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Хоруғу ноҳияҳои дигари вилояти Бадахшон ва ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистонро аз вазифаҳои муҳими нерӯҳои боқимондаи изофӣ дар минтақа унвон кард. Қаблан, вазири дифоъ гуфта буд, нерӯҳои боқимондаи низомӣ пас аз сафари президент пурра ба қисмҳои ҳарбияшон баргардонда мешаванд. Вале шуморе аз нерӯҳо барои таҳкими марз ба воҳидҳои марзбонии Ишкошим ва Мурғоб сафарбар мешаванд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бархе аз мусофирон мегӯянд, мақомот бар асоси як рӯйхат шаҳрвандонеро, ки аз Хоруғ ба марказ меоянд, тафтиш мекунанд. Аммо дафтари матбуоти вазорати умури дохилии иддаои мавҷудияти рӯйхати "сиёҳ" барои таъқиби ширкатдорони ҳаводиси Хоруғро бепояву асос унвон кард. Манбаъ гуфт, ин кор танҳо барои амнияти худи мусофирон анҷом дода мешавад.

Саидакбар Ханҷаршоев, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, 2-юми сентябр вақте аз Хоруғ ба самти Душанбе меомаданд, дар постгоҳи «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб кормандони Горди миллӣ мошини мусофиронро манъ намуда, ному фамилияи мусофиронр бар асоси як руйхат тафтиш карданд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки ин рӯйхат аз чанд саҳифа иборат буда дар он ному насаби ҳудудан 140 афроде зикр шудааст, ки эҳтимолан дар даргириҳои Хоруғ иштирок кардаанд. Саидакбар Ханҷаршоев мегӯяд, дар ҳоле, ки ӯ худро донишомӯз муаррифӣ кард, корманди постгоҳ гуфт, ки дар ҳодисаҳои Хоруғ ҷавонону донишҷӯён низ худсарона ба даст силоҳ гирифта буданд.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз овардани номаш худдорӣ кард гуфт, ки дар постгоҳи Шӯробод низ мошинҳои мусофиронро манъ мекунанд ва бар асоси як феҳраст, ному фамилияи мусофронро тафтиш мекунанд. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо аз Хоруғ то Файзобод тақрибан 6 постгоҳи ниҳодҳои қудратӣ вуҷуд дорад, ки ҳатман ному фамилияи мусофиронро мепурсанд ва дар руйхат тафтиш мекунанд.

Ба дунболи ҳамоиши эътирозӣ дар Хоруғ, миёни намояндагони гирдиҳамомадагон ва сохторҳо қудратӣ созишнома ба имзо расид, ки тибқи он нерӯҳои ҳукуматӣ аз қаламрави Хоруғ хориҷ шуд ва намоишҳои эътирозӣ қонунӣ ҳисобида шуданд. Банди дигари ин тавофуқнома, афви ширкатдорони ин ҳамоишҳои эътирозӣ буд, ки бар асоси он, онҳо аз ҳар гуна пайгарди қонунӣ эмин ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG