Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Амрико Обама расман номзад пешбарӣ мешавад


Барак Обама

Барак Обама

Имрӯз анҷумани Ҳизби Демократи Амрико оғоз меёбад. Ин анҷуман 3 рӯз дар Чарлоте дар Каролинаи Шимолӣ давом хоҳад кард ва дар он Барак Обама ба таври расмӣ аз ин ҳизб номзад ба мақомои раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мешавад.

Дар интихоботи моҳи ноябр Обама бо Мит Ромнӣ-номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ волии пешинии аёлати Массачусетс мубориза хоҳад кард. Вайро ҳафтаи гузашта анҷумани ҳизбаш ба таври расмӣ номзад пешбарӣ кард.

Дар маросими гушоиши анҷумани шоми сешанбе қарор аст Мишел Обама-хонуми Барак Обама суханронӣ кунад. Суханронии Бил Клинтон-раиси ҷумҳури пешини Амрико аз Ҳизби Демократ барои рӯзи чаҳоршанбе дар назар гирифта шудааст.

Дар ин анҷуман демократҳо Барномаи назариявии ҳизбиро дар бораи поёни ширкати Амрико дар ҷанги Афғонистон то соли 2014 ва боздоштани Эрон аз дастрасӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ ба тасвиб мерсонанд.
XS
SM
MD
LG