Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии таронаҳои овозхонони тоҷик тавассути WMA


Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров

World Media Alliance пойгоҳи мустақили сабту пахши мусиқӣ дар ҷаҳон дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик, ки намояндаи ин ширкат дар Осиёи Марказӣ таъйин шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкорӣ бо ин ширкат ба шоу-бизнеси Тоҷикистон ва минтақа такони ҷиддие хоҳад дод.

Ӯ афзуд, чунин таҷрибаи ҳамкорӣ то ба ҳол дар Тоҷикистон набуд ва акнун ҳунармандони театру мусиқии тоҷикро мешавад тариқи ин ширкат ба оламиён муаррифӣ кард. "Танҳо онҳоро лозим аст, кайфияти ҳунару таронаҳои худро ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ кунанд",-илова кард ӯ.

World Media Alliance бо паҳн кардани мусиқии ҳирфаиву ғайриҳирфаӣ, сабти баландсифати албоми таронаҳо дар тамоми олам фаъолият мекунад.

Беҳрӯз Зеваров гуфт, пас аз ду рӯз дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо World Media Alliance муаррифии ҳунармандоне чун Ҷонибек Муродов, Парвин Юсуфӣ, Диловар Сафаров, Фирӯза Ҳафизова и Нигина Амонқулова оғоз мешавад.
Албоми таронаҳоро World Media Alliance тариқи бузургтарин паҳнкунундагони мусиқии рақамии ҷаҳон - ITunes, AOL, Rhapsody, Amazon, Napster, MusicNet, BuyMusic, Beatport ва ғайраҳо амалӣ мекунанд.

Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, акнун фурсати мусоидтарини муаррифии овозхонони тоҷик дар ҷаҳон фароҳам шуд, зеро акнун онҳо метавонанд ба таври сареъ таронаҳои худро ба хориҷ аз кишвар бифрӯшанд ва соҳиби маблағ шаванд. Ҳамчунин ин ширкат имкон дорад овозхони серхаридорро худ сабту таблиғ ва консертҳояшро дар хориҷа баргузор кунад.

World Media Alliance бузургтарин ширкатест, ки бо фурӯш ва сабти мусиқӣ дар ҷаҳон маъруф буда, дар шаҳри Майамии иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG