Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвиз дар Бозиҳои паралимпии Лондон ноком шуд


Парвиз Одинаев

Парвиз Одинаев

Парвиз Одинаев, ки дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Лондон Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ба шикаст рӯбарӯ шуд.

Парвиз Одинаев, варзишгари маълули тоҷик, ки дар Бозиҳои паралимпии Лондон - 2012 иштирок кард, ба нокомӣ дучор омад ва дар ҷои охир қарор гирифт. Ӯ рӯзи сеюми сентябр дар вазни то 75 кило дар риштаи вазнабардорӣ ё пауэрлифтинг вориди сабқат шуд, вале се талоши ӯ ноком анҷом ёфт.

Бино ба хабари торнамои Бозиҳои паралимпӣ, дар ин ришта Алӣ Ҳусейнӣ, варзишгари эронӣ (225 кг), мақоми аввалро касб намудааст. Ҷои дувум насиби намояндаи Миср Муҳаммад Элалфат (224 кг) ва медали биринҷӣ насиби варзишгари маълул ё маъюби чинӣ Ҳу Пенг (213 кг) гардид.

Ҳоло дар сабқати умумидастаӣ Чин бо 46 медали тилло, 31 нуқра ва 35 биринҷӣ дар ҷои аввал, Бритониёву Русия дар ҷои дувуму сеюм қарор доранд.

Парвиз Одинаев танҳо варзишгар буд, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии соли 2012 дар Лондон намояндагӣ кард. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар рақобатҳо дар вазни 75 кг бо натиҷаи 195 кило мақоми дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон гардида буд. Ин натиҷа ба Парвиз имкон дода буд, то мавқеашро дар рейтинг ё феҳрасти ҷаҳонӣ дар мақоми чаҳорум мустаҳкам намояд.

Бозиҳои XIV паралимпӣ 29-уми август оғоз ёфта, то 9-уми сентябри соли равон дар Лондон доир хоҳанд шуд. Ба барномаи Паралимпиада 20 намуди варзиш шомил аст.

Пеш аз ин, 16 варзишгари тоҷик дар риштаҳои гуногун дар Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон иштирок карданд. Аз миёни онҳо танҳо Мавзуна Чориева, муштзани ҷавони тоҷик, бо медали биринҷӣ ба ватан баргашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG