Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 4-6-уми сентябр мизбони нишасте дар мавзӯи "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат бо эктремизм ва терроризм: вазъият ва дурнамо" хоҳад буд.

Бар асоси хабари Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар ин нишаст намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои марбутаи он аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Раёсати умури дохилии Суғд, ҳоло қабули иштирокчиёни конфронс шурӯъ шуда, қисмати аслии конфронс субҳи рӯзи чоршанбеи 5-уми сентябр оғоз мегардад.

Баргузории ин нишасти ҷумҳуриявӣ дар ҳолест, ки дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд бозбинии парвандаи 43 тан аз аъзои гурӯҳи 53 нафарии парвандаи ба истилоҳ “истаравшаниҳо” ки бархе бо ҷурми роҳандозии таркиши интиҳории дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 ва қисме барои ҳамдастӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон аз 8 то 30 сол равонаи зиндон шуда буданд, ки аз сӯи ҳайъати Додгоҳи Олӣ идома дорад.

Ба гуфтаи бархе аз вакилони дифои ин афрод, бозбинии парванда бо дархости худи маҳкумшудагон сурат мегирад, зеро гуноҳи ягон нафар узви ин гурӯҳ замони мурофиа бо далелҳо ба исбот нарасида, нишондодҳои онҳо вақти тафтиши пешакӣ зери фишору шиканҷа гирифта шудааст.

Ҳамзамон баргузории ин нишаст дар ҳолест, ки дар як моҳи қабл вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозаи худ навишт, ки Тоҷикистон тавони мубориза бо терроризмро дорад.

Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон дар соли 2011-ум камбудиҳои стратегияи муқовимат ба терроризмро бартараф намуда нишон дод, ки тавоноии мубориза бо онро дорад. Муаллифони гузориш навиштаанд, ки сиёсати зиддитероризми Тоҷикистон барканор намудани гурӯҳҳои ифротии исломӣ ва афзоиши имконоти ниҳодҳои қудратӣ будааст, ки тавассути барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кӯмак, амалӣ шудааст.

Дар идомаи гузориш вазорати корҳои хориҷии ИМА пешрафт дар таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистонро хотирнишон намуда, ҳамзамон бо он таъкид карда буд, ки сарфи назар аз кӯмакҳо, ҳанӯз ҳам назорати муассири марзи Тоҷикистон бо Афғонистон фаротар аз имконоти ҳукумати Тоҷикистон аст.

Дар ин гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА дар бораи терроризм дар соли 2011-ум гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ниҳодҳои давлатии ИМА дар тамринҳои мухталифи муқовимат ба ифротгароӣ ва танзими ҳамкориҳои ниҳодҳои қудратӣ бо аҳолии мулкӣ иштирок кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG