Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cинфхонаи нобиноёни Кӯлоб дари худро боз накард


Бинои мактаби рақами 51-и Кӯлоб

Бинои мактаби рақами 51-и Кӯлоб

Се синфхонаи махсус барои нобиноёни Кӯлоб бо оғози соли нави таҳсил ҳанӯз холӣ ба назар мерасанд.

Ин се синфхона дар мактаби 51-и шаҳр ва мактаб-интернати ҷамоати Кӯлоб барои фарогирии беш аз 60 навраси нобино пас аз 15 сол бори аввал таъсис дода шуданд, вале бинобар норасоии устодон ва адабиёти таълимӣ дари онҳо ҳанӯз боз нашудаст.

Давлаталӣ Амиров, мудири маорифи шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, "мо ҳам тарафдори онем, ки фарзандони онҳо бесавод намонанд ва таълим бигиранд. Ба мо муроҷиат карданд ва он корҳое, ки бояд мекардем, анҷом додем. Синфхонаҳоро бо мизу курсӣ ва дигар шароит омода кардем. Ҷамъият гуфта буд, ки адабиёти таълимӣ ва ручкаҳои махсусро худашон таъмин мекунанд. Инчунин, аз миёни худашон устодонро пайдо мекунанд..."

Дар ҳамин ҳол, Санг Сафолов, раиси ҷамъияти нобинониён, мегӯяд, аз боз нашудани синфхонаҳои вижа бо оғози соли нави таҳсил мутаассиф аст. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло чанд устоди нобиноро ба ин кор ҷалб кардаанд ва адабиёти таълимӣ низ дар ҳоли дастрас шудан аст. Сафолов мегӯяд, пас аз ҷашни Иди истиқлолият, яъне 9-уми сентябр, таълим дар ин синфхонаҳо оғоз хоҳад шуд.
"Дар ҳақиқат ашёи таълимиро мо ба дӯш гирифта будем. Дар оварданашон каме мушкил пайдо шуд, вале имрӯз гуфтанд, ки ҳамаи онҳо харидорӣ шудаанд ва то рӯзҳои дигар ба дасти мо мерасанд. Китобҳо, дастгоҳҳои садошунавонӣ ва ручкаҳои махсус, ки барои таълим додани нобиноён заруранд, ба дасти мо мерасанд. Се устод ҳам пайдо кардем, ки бо расидани ашё корро сар мекунанд",-гуфт ӯ.

Ин синфхонаҳо барои наврасони нури чашмашон камтар ва ё пурра нобино нигаронида шудааст. Назарбегим, модари як навраси нури чашмаш камтар аз таъсиси ин синфхонаҳо хушҳол аст ва мегӯяд, пушти як миз нишастани фарзандаш бо дигар ҳамтақдирон ӯро аз масхараи ҳамсабақони солимаш наҷот хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, то синфи сеюм фарзандаш бо наврасони бино таълим мегирифт, вале ин нуқси модарзодии ӯро ҳамсабақон масхара мекарданд, ки ин боиси тарки мактаб кардани ӯ гаштааст.

Дар ҳоле ки синфхонаҳо боз шуда ва адабиёти таълимӣ ҳам дастрас мешавад, ҳанӯз ҳам як мушкил ҳал нашудааст, ки чи тавр наврасони нобинои синну соли гуногунро пушти як миз таълим медиҳанд. Дар минтақаи Кӯлоб 150 навраси нобинои синну соли гуногун сабти ном шудааст, ки бояд дар синфхонаҳои вижа (махсус) бо навбат таълим бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG