Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Януковичро бо шиорҳои эътирозӣ пешвоз гирифтанд


Президентҳои Украина ва Русия Виктор Янукович( аз чап) ва Владимир Путин ( аз рост)
Президентҳои Украина ва Русия Виктор Янукович( аз чап) ва Владимир Путин ( аз рост)
Дирӯз ҳангоми суханронии президенти Украина Виктор Янукович тақрибан даҳ хабарнигор рост истода, шиорҳои маҳкумкунандаи сензура дар Укаринаро боло бардоштанд. Эътироз дар Анҷумани ҷаҳони рӯзномаҳо дар шаҳри Киев ба вуқӯъ пайваст. Ба қавли хабарнигорон Янукович ба шиорҳо аксуламал нишон надод. Ҳомиёни ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи ҳукмронии Янукович, яъне аз соли 2010-ум ба ин тараф, озодии матбуот дар ин кишвар маҳдуд шудааст. Ҷейкоб Метю-раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии рӯзномаҳо ва ноширон, аз мақомоти Украина дархост намуд, озодиҳоро барқарор кунанд, зеро он пояи демократияву шарафи инсонист.
XS
SM
MD
LG