Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Майкл Кларк Дункан дар синни 54-солагӣ вафот кард


Ҳунарманди амрикоӣ Майкл Кларк Дункан дар синни 54-солагӣ вафот кард. Ӯ бо иҷрои нақши маҳбуси маҳкум ба эъдом дар филми Майли Сабз (The Green Mile) машҳур шуда буд. Дункан дар моҳи июл бо сактаи қалб мувоҷеҳ шуда буд, вале табобаташ натиҷаи мусбат надод ва ӯ рӯзи душанбеи 3-уми сентябр дар шифохонаи Лос Анҷелес даргузашт. Дункан собиқаи муҳофизӣ дошта, бо ҷисми азим ва қади як метру наваду се сантиметр нақшҳои мухталиферо бозидааст. Дар соли 1999 Дункан барои гирифтани ҷоизаи Оскар пешбарӣ шуда буд. ОвозиДункан дар филмҳои тасвирии Армагедон, Сайёраи маймунҳо ва Кунг фу панда садо додааст.
XS
SM
MD
LG