Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбуллоҳ ба Исроил таҳдид мекунад


 Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон
Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон
Раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон Ҳасан Насруллоҳ мегӯяд, ин гурӯҳи мусулмонони шиамазҳаб силоҳи химиявӣ дар ихтиёр надорад, вале агар ҷанг бо Исроил оғоз ёбад, гурӯҳ метавонад давлати яҳудиро бо хасороти бузург мувоҷеҳ кунад. Рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо телевизиони маҳаллӣ Насруллоҳ гуфт, дар дохили Исроил ҳадафҳое мавҷуданд, ки ҳамла болои онҳо метавонад ҳамон натиҷаро ба бор орад. Ба қавли коршиносон эҳтимол раҳбари Ҳизбуллоҳ реакторҳои ҳаставии Исроилро мадди назар дошт. Насруллоҳ ҳамчунон ҳушдор дод, ки мушакҳои Ҳизбуллоҳ метавонанд ба тамоми ҳадафҳо дар дохили Исроил исобат кунанд. Ӯ гуфт, интизор надорад, ки Исроил болои Эрон ҳамла мекунад, вале агар чунин ҳамла рӯй дод, ӯ аз раҳбарони Эрон маълумот дорад, ки ҷумҳурии исломӣ дар ҷавоб болои пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ҳуҷум хоҳад кард. Ба қавли раҳбари Ҳизбуллоҳ агар Исроил болои Эрон ҳамла кунад, масъулияти он бар дӯши Амрикост.
XS
SM
MD
LG