Пайвандҳои дастрасӣ

Афви афсари озариро мавриди танқид қарор додаанд


Мая Косянчич-сухангӯи идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Мая Косянчич-сухангӯи идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба хотири афви афсари озарии маҳбус Рамил Сафаров мавриди интиқоди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Сафаров дар соли 2004-ум ҳангоми таҳсил дар яке аз курсҳои барномаи ҳамкорӣ баҳри сулҳи паймони НАТО дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо ҷурми куштори афсари артиши Арманистон Гурген Маргариян ба ҳабси ҳаётӣ маҳкум шуда буд. Ахиран Сафаровро ба Озарбойҷон истирдод намуданд ва ӯ мавриди афв қарор гирифт. Иттиҳодияи Аврупо, Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ИМА, Русия ва Маҷористон афвро танқид кардаанд. Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо Мая Косянчич мегӯяд, раҳбарони Иттиҳодия масъаларо бо мақомоти Маҷористон баҳс доранд:
Мо вазъро пайгирӣ дорему бо ҳадафи дарёфти маълумот бо тарафҳои шарик дар қазия дар тамос ҳастем. Мо аз таъсири эҳтимолии ин ҳодиса ба минтақа дар ташвиш ҳастем ва аз ҳукуматҳои Арманистону Озарбойҷон даъват мекунем, ки аз таҳаммул кор гирифта, имкон надиҳанд, ки вазъ муташанниҷ гардад.”
Маҷористон мегӯяд, аз ҳукумати Озарбойҷон итминон гирифта буд, ки Сафаров мӯҳлати боқимондаи ҳабсро дар зиндон мегузаронад. Аз ин рӯ, 31-уми август мақомоти Маҷористон ӯро ба ватанаш истирдод карданд. Вале баъди бозгашт ба Озарбойҷон президент Алиев Сафаровро афв намуд. Баъди ин ҳодиса Арманистон расман эътироз баён намуда, равобити дипломатӣ бо Маҷористонро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG