Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Pussy Riot аз Путин ва калисо узр намепурсад


 Николай Полозов-вакили мудофиаи Pussy Riot

Николай Полозов-вакили мудофиаи Pussy Riot

Вакилони мудофиаи гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot мегӯянд, се хонуми маҳбус пешниҳоди маъзаратхоҳии телевизионӣ аз президенти Русия Владимир Путин ва калисои ортодокси насрониро рад карданд. Маъмурони барномаи “Инсон ва қонун”-и телевизиони ОРТ-и Русия пешниҳод карда буданд, ки агар се хонуми маҳбус ба хотири таҳқирашон аз Путин ва калисои ортодокс маъзарат хоҳанд, раҳбарони телевизион баҳри коҳиши мӯҳлати ҳабси ин хонумҳо талош хоҳанд варзид. Вакили мудофиа Николай Полозов мегӯяд, Pussy Riot ин пешниҳоди таҳқиромезро рад карда, ҳанӯз ҳам тасмим дорад, ки бознигарии ҳукми додгоҳро талаб кунад. Моҳи гузашта додгоҳ ҳунарнамоии эътирозии се хонуми гурӯҳи Pussy Riot дар калисои исои Наҷотбахши Маскав дар моҳи февралро “авбошии тавассути нафрати мазҳабӣ таҳрикёфта” унвон дода, ҳар яке аз онҳоро ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG