Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА манфиатдори субот дар Осиёи ҷанубу шарқист


Ҳилларӣ Клинтон ва Марту Наталегава дар Ҷакарта

Ҳилларӣ Клинтон ва Марту Наталегава дар Ҷакарта

Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон аз Чин ва кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ даъват кард, аз лаҳни таҳдид худдорӣ намуда, ба хотири ҳалли баҳсҳо дар баҳри Ҷанубии Чин ҳамкорӣ кунанд. Хонум Клинтон дар Ҷакарта бо вазири корҳои хориҷии Индонезия Марту Наталегава вохӯрда, изҳор намуд, манфиати миллии ИМА ин аст, ки дар баҳри Ҷанубии Чин назму субот ҳифз гардад. Ӯ мустақиман Чинро ёдоварӣ накард, вале гуфт аз тасмими ташкили пойгоҳи низомии Чин дар минтақаи дурдасти баҳри Ҷанубии Чин нигарон аст. Клинтон аз даҳ узви Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ ва Чин даъват кард, дар равобиташон як чорчӯби ахлоқие қабул намуда, бар пояи он ба пеш ҳаракат кунанд. Имрӯз котиби давлатии ИМА ба Пекин сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG