Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ОРТ ба гурӯҳи Пусси Райот


Вакилони дифоъи гурӯҳи овозхонҳои Пусси Райот, пешниҳод барои узрхоҳии ин гурӯҳ аз тариқи телевизиони давлатиро рад кардаанд. Муаллифони барномаи “Инсон ва Қонун” дар телевизиони ОРТ-Русия хостаанд, ки аъзо гурӯҳ барои хондани шеъри таҳқиромез дар васфи Путин аз тариқи барнома бахшиш пурсанд ва дар иваз онҳо барои коҳиши мӯҳлати зиндони духтарон талош хоҳанд кард. Аммо Николай Полозов, вакили дифоъи Пусси Райот гуфт, ки овозхонҳои гурӯҳ ин пешниҳодро таҳқиромез медонанд ва аз ҳукми худ ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Се духтар аз гурӯҳи Пусси Райотро моҳи гузашта бо “гуноҳи авбошӣ дар заминаи адовати мазҳабӣ” ба ду солми зиндон маҳкум карданд. Онҳо таронаи худро дар дохили як калисои шаҳри Маскав суруда буданд.
XS
SM
MD
LG