Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон дар вилояти Суғд озодии бештар мехоҳанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳудуди 70 созмони ҷавонон аз раиси вилояти Суғд хостаанд, фазои озодтареро барои фаъолияти ҷавонон фароҳам оварад.

Як идда аз созмонҳои ҷавонон бо ирсоли муроҷиатнома аз Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, талаб кардаанд, ки барои фаъолияти озодтари онҳо шароит фароҳам оварад. Дар ин нома, ки бо ибтикори созмони “Ваҳдати ҷавонон” иншо шудааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва гурӯҳҳои тундрав таъсиси Шӯрои ҷавонон дар назди раиси вилоят, "Маркази имкониятҳои ҷавонон", нашрияи хосе бо номи "Ваҳдати ҷавонон" ва дастрасии онҳо ба нашри барномаҳои иҷтимоии худ дар телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ матраҳ шудааст.

Рустам Юсуфов, роҳбари созмони "Ваҳдати ҷавонон" мегӯяд, ахиран онҳоро муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ба ҳузур пазируфт: “Аз чор пешниҳоде, ки мо карда будем, дутоаш маъқул дониста шуд. Аз ҷумла, дар телевизиони вилоят барои ҷавонон вақти махсус ихтисос дода шуда ҷавонон ба шӯроҳои идеологии назди раиси вилоят даъват хоҳад шуд.”

Рустам Юсуфов
Рустам Юсуфов
Рустам Юсуфов афзуд, фазои маҳдуди зиндагию кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ, дастнорасӣ ба иттилооти дурусту саривақтӣ ва гароиши бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва зери таъсири унсурҳои тундраву ҷиноӣ қарор гирифтани онҳо сабаб мешавад.

Аз ҷумла, дар 6 моҳи охир 140 ҷавони суғдӣ бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳҳои мамнӯи диниву мазҳабӣ ва ҷиноӣ дастгир ва муҷозот шудаанд. Ҳамин тавр, дар ҳоли яъсу рӯҳафтодагӣ даст ба худкушӣ задани ҷавонон низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав натанҳо ҷавонони фаъоли вилояти Суғд, балки раҳбари рақами яки Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст.

Президент Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр дар расми ифтитоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ дар Душанбе афзоиши ҷинояткориро дар миёни ҷавонон мушкили муҳими давлатӣ унвон кард: “Афзоиши сафи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон имрӯз боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, ки ин бесабаб нест. Зеро ин зуҳуроти номатлуб як ҳодисаи муқаррарӣ набуда, бояд ҳамчун мушкилоти ҷомеа ва масъалаи муҳими давлатӣ арзёбӣ карда шавад.”

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи омор, дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор ҷавонони 30-сола ба сар мебаранд, ки қариб сеяки аҳолии кишварро ташкил мекунанд. Ин рақам дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ яке аз болотаринҳост ва Тоҷикистон пас аз Узбакистон аз ҷавонтарин ҷомеаҳои узви ин созмон ба шумор меравад. Коршиносон мегӯянд, ҷавон будани ҷомеаи Тоҷикистон ҳам манбаи хатар ва ҳам омили рушди кишвар буда метавонад.

Алана Шейх, узви шоистаи созмони байналмиллалии TED, дар як анҷуман дар мавзӯи "Афзоиши чашмгири шумораи ҷавонон дар Тоҷикистон боиси ташвиш аст ё умед ба ояндаи дурахшон?" чунин гуфта буд: "Ҷавонон манбаи қуввати ҳар ҷомеа ҳастанд ва онҳоро ба ҳар сӯ метавон равона кард: ҳам ба сӯи харобкорӣ ва ҳам ба тарафи ободӣ."

Ба ақидаи хонум Шейх ва ҳам созмонҳое, ки бо ҷавонони тоҷик кор мекунанд, ин дигар ба худи давлат ва ҷомеа бастагӣ дорад, ки ин нерӯи тавоно ва азим ба кадом тараф майл нишон хоҳад дод: ба сӯи ҷиноёту ба домани гурӯҳҳои тундрав ё ба самти созандагӣ...
XS
SM
MD
LG