Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлае дар Сурия 18 нафар кушта шудаанд


Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои артиш ба як иморате дар вилояти Ҳалаб дасти кам 18 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия дар миёни қурбониён аз ҷумла занону кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамла дар шаҳри Ал-Боб сурат гирифтааст, ки дар тассаруфи нерӯҳои мухолифи давлат аст. Ба гуфтаи ин созмон, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, нерӯҳои давлатии Сурия танҳо дар моҳи август бо шиддат бахшидани ҳамлаҳои ҳавоӣ 5 ҳазор нафарро куштаанд. Ба тахмини Созмони Нозири Ҳуқуқи Башари Сурия, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ аз моҳи марти соли гузашта то кунун дар Сурия тақрибан 26 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG