Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай "мошини нақзи ҳуқуқ"?


Як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бо нашри гузорише гуфт, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аъзои он “ба ҳайси мошини нақзи ҳуқуқи инсон” истифода мекунанд. Федератсиюни Байналмилалии Ҷомеаҳои Ҳуқуқи Башар, ки дар шаҳри Пориси қароргоҳ дорад, мегӯяд, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, бо баҳона овардани муқаррарроти қонунии созмон, аҳдномаҳои байналмилалии риояти ҳуқуқи инсонро нодида мегирад. Дар баёнияи ҳомиёни ҳуқуқ омадааст, маншури созмон кишварҳои узвро муваззаф мекунад, ҳар каси муттаҳам ба терроризмро ҳатто бе далелҳои шайъӣ ба кишвари дигаре истирдод кунанд. Ба гуфтаи созмон, ин муқаррарот, иҷоза медиҳад, дигарандешеро, ки аз як кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба дигар кишвари узв фирор кардааст, бо иттиҳоми терроризм ба ватанаш истирдод кунанд. Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро соли 2001 таъсис доданд ва ба он Тоҷикистону Русия, Қирғизистону Ӯзбакистон ва Қазоқистону Чин шомиланд.
XS
SM
MD
LG