Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии маъмурони амниятиву пулис, ки масъулияти парвандаи "истаравшанӣ"-ҳоро ба ӯҳда доштанд, шурӯъ шудааст.

Гурӯҳи махсуси Додситонии кулли Тоҷикистон ба бозпурсии кормандони Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилӣ шурӯъ кардааст, ки масъулияти "парвандаи Истаравшан"-ро ба зимма доштанд.

Як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, 49 нафаре, ки аз рӯи ин парванда муҷозот шудаанд, зимни аризаҳои ҷудогона ба Додситонии кул (Прокуратураи генералӣ) шикоят кардаанд, ки ҷурми онҳо дар пайи истифодаи шиканҷа ва бадрафторӣ "собит" карда шудааст.

44 нафар, ки аз 8 то 30 сол ҳукм гирифта, дар зиндони Хуҷанд ва 5 нафар, ки ҳукми абад гирифта, дар боздоштгоҳи Душанбе нигоҳ дошта мешаванд, барои даст доштан дар амалиёти террористии 3-юми сентябри соли 2010-ум дар маркази вилояти Суғд ва ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешаванд.

Аммо Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ, дар мисоли 6 нафари таҳти ҳимояташ мегӯяд, узвияти ягон нафаре аз онҳо дар Ҳаракати исломии Узбакистон собит нашуда, нишондодҳои онҳо зери шиканҷаву фишор вақти тафтиши пешакӣ гирифта шудааст. Аммо, ба бовари ӯ, додгоҳ ин ҳамаро ба ҳисоб нагирифтааст.

Ҳайати мушовараи кассатсионии корҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон 8-ум августи соли ҷорӣ ба бозбинии "парвандаи Истаравшан" оғоз карда буд, аммо мурофиа замоне ба тавқиф гузошта шуд, ки зиндониён зимни аризаҳои худ ба додгоҳ аз истифодаи шиканҷаву зӯроварӣ ҳангоми бозрасӣ шикоят карданд ва додгоҳ аризаҳоро ба Додситонии кул фиристод.

Ҳамлаи интиҳории расо ду соли пеш ба бинои Бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд.
Бино ба иттилои манбаи мо, бозпурсии кормандони Раёсати КДАМ дар Суғд ва умури дохилӣ бояд то 10-уми сентябр ба охир расад ва мурофиаи додгоҳӣ ба кори худ идома диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG