Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мошини дипломатҳои амрикоӣ дар Пешовар


Бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида захмӣ шудаанд.

Сафорати Амрико дар Покистон мегӯяд, ду корманди консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Пешовар бар асари як ҳамла ба мошинашон захмӣ шудаанд. Дар баёнияи сафорат омадааст, дар ин бомбгузорӣ ҳамчунин ду корманди покистонии консулгарӣ ҷароҳат бардошта ва ҳамаи чаҳор нафар дар шифохона бистарӣ шудаанд.

Сафорати Амрико мегӯяд, ҳадафи ин ҳамлаи зоҳиран террористӣ, мошини сафорат будааст. Пештар аз ин, мақомоти Покистон гуфта буданд, ки дар ин бомбгузории интиҳорӣ ду шаҳрванди Амрико ҳалок шудаанд.

Хабаргузориҳои покистонӣ менависанд, ҳамла дар минтақае бо номи Обдара руд, ки биноҳои созмонҳои хориҷӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Консулгарии Амрико ҷойгир ҳастанд, рух дод.

Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо напазируфтааст, аммо Толибон дар гузашта масъулияти ҳамчунин ҳамлаҳоро бар ӯҳда гирифтаанд.

Таркиш дар Пешовар ҷони ду нафарро рабуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG