Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба дипломатҳои Амрико дар Покистон


Сафорати Амрико дар Покистон мегӯяд, ду корманди консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Пешовар бар асари як ҳамла ба мошинашон захмӣ шудаанд. Дар баёнияи сафорат омадааст, дар ин бомбгузорӣ ҳамчунин ду корманди покистонии консулгарӣ ҷароҳат бардоштанд ва ҳамаи чаҳор нафар дар шифохона бистарӣ шудаанд. Сафорати Амрико мегӯяд, ҳадафи ин ҳамлаи зоҳиран террористӣ, мошини сафорат будааст. Пештар аз ин мақомоти Покистон гуфта буданд, ки дар ин бомбгузории интиҳорӣ ду шаҳрванди Амрико ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, бомбгузори маргталаб рӯзи душанбе мошини худро ба мошине кӯбидааст, ки консулгарии Амрико дар Пешовар истифода мекард. Бомбгузорӣ дар маҳалле ба вуқӯъ пайвастааст, ки онҷо созмонҳои байналмилалӣ, ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG