Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як маргталаб ду нафарро дар Покистон кушт


Мақомоти Покистон мегӯянд, бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Пешовар, наздик ба марзи Афғонистон ду нафар кушта шудаанд. Миён Ифтихор, вазири иттилоъоти вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон гуфт, ин ду нафар шаҳрвандони Амрико будаанд. Аммо дертар сафорати Амрико дар Исломобод ин хабарро рад кард. Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, бомбгузори маргталаб рӯзи душанбе мошини худро ба мошине кӯбидааст, ки консулгарии Амрико дар Пешовар истифода мекард. Бомбгузорӣ дар маҳалле ба вуқӯъ пайвастааст, ки онҷо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дафтари Созмони Милал ҷойгир шудааст. Дар ин ҳодиса дасти кам 18 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Толибони Покистон дар гузашта масъулияти ингуна ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG