Пайвандҳои дастрасӣ

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, кишварҳои узви ШОС ин созмонро ҳамчун василае барои нақзи ҳуқуқи башар истифода мебаранд.

Дар як гузорише, ки рӯзи душанбе Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар дар шаҳри Париж нашр намуд, гуфта мешавад, ки дар оинномаи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ҳимояти муштарак аз ҳуқуқи башар зикр шудааст, вале Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон чорчӯби қонунии ин созмонро барои сафед намудани поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо истифода мебаранд.

Яке аз муаллифони гузориш, устоди Донишгоҳи Гринвич Ричард Вайлд, мегӯяд: Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай, ки дар соли 2001-ум ташкил шудааст, бештар ба масъалаи амнияту марз таваҷҷӯҳ нишон медиҳад: “Мо бояд дар байни ҳарфу амал фарқ гузорем. Дар оинномаи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай сухан дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқи башар меравад. Вале агар мо дар амал бубинем, ин созмон фақат барои масъалаҳои марбути марз ва амният истифода мешавад. Ҳамаи ҷонибҳо ақалиятҳо, гурӯҳҳои мухолифини сиёсиву диниро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳатто дар табъиз ҳам ҳуқуқи башарро дастак мекунанд.”

Дар гузориши Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар омадааст, ки тамоми аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай “ҳукуматҳои худкома доранд ва ё садои мустақилро хомӯш мекунанд.” Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай таъқиби фаъолони динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқи башар ва ақалиятҳоро бо зарурати ҳифзи амнияту субот сафед карда, баъзан дар заминаи сиёсӣ онҳоро бо экстремизм муттаҳам мекунанд.

Дар гузориш мисолҳои зиёди истирдоди фирориён ва паноҳандагони сиёсӣ зикр мешавад, ки бо фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ муттаҳам шудаанд.
Вайлд мегӯяд: “Таҳдид ба ҳуқуқи башар аз худи Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай меояд. Зеро аз як тараф, онҳо дар бораи ҳуқуқи башар ҳарф мезананд, вале аз сӯи дигар, ҳамчун як василаи минтақавии ҳамоҳангшудаи истирдод мавриди истифода қарор гирифтааанд. Онҳо на бар пояи шаҳодат, балки тахмин муттаҳамҳоро ба ватанҳояшон бармегардонанд. Дар кори ин созмон шаффофияту назорати байналмилалӣ ба чашм намехӯрад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Вайлд, Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай ба аъзояш имкон медиҳад, ки бар зидди дигарандешоне, ки ба дигар кишварҳои узви созмон фирор кардаанд, иттиҳоми терроризм бор намуда, хилофи қонунҳои байналмилалии башарӣ ва эъломияҳои байналмилалии ҳуқуқи фирориён ба истирдоди онҳо даст ёбанд.

Муаллифони гузориш хотирнишон кардаанд, ки соли 2011-ум мақомоти Қазоқистон як хабарнигори уйғурро ба Чин истирдод намуданд. Ҳамчунон дар соли 2005-ум баъди ошӯб дар Андиҷони Узбакистон, Қирғизистон панҷ фирориро, ки аз тарафи мақомоти Тошканд бо терроризм муттаҳам мешуданд, ба Узбакистон боз гардонд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар гузориши худ Русияву Тоҷикистонро бо нодидагирии ҳукмҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муттаҳам мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG