Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил маҳаллаи ғайришаръиро маҳв мекунад


Рӯзи якшанбе мақомоти Исроил бар пояи ҳукми додгоҳи олӣ як гурӯҳи исроилиҳоро, ки худсарона дар соҳили ғарбии рӯди Урдун манзил бунёд карда буданд, иҷборан ба ҷои дигар кӯчониданд. Сокинони маҳаллаи Мигрон бояд рӯзи сешанбе аз хонаҳояшон берун мешуданд. Шумори зиёди онҳо довталабона минтақаро тарк карданд, вале як гурӯҳи ҷавонон фақат баъди дахолати полис маҳалларо тарк кард. Ҳоло полис дар Мигрон сангар бунёд намуд, то имкон надиҳад, ки фаъолони ифротгаро бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ ташкил кунанд. Мигрон дар шимоли Байтулмуқаддас ҷойгир буда, дар соли 2001-ум бидуни иҷозат бунёд шудааст. Фаластиниҳо ва ҳомиёи исроилии ҳуқуқи башар аз додгоҳи Исроил талаб карданд, ки ин маҳалла маҳв гардонида шавад. Соли гузашта додгоҳ қарор баровард, ки маҳаллаи Мигрон то моҳи апрели соли 2012-ум маҳв гардонида шавад.
XS
SM
MD
LG