Пайвандҳои дастрасӣ

Русия 200-солагии шикасти Наполеонро ҷашн гирифт


Президенти Русия Владимир Путин дар манзараи музеи Бородино

Президенти Русия Владимир Путин дар манзараи музеи Бородино

Рӯзи якшанбе ҳазорҳо ҳунарманди фаронсавӣ ва рус савори аспу либоси ҷангии асри 19 дар тан муҳорибаи Бородиноро дар саҳнаи табиӣ намоиш доданд. Намоишро дар минтақаи Бородино, воқеъ дар 120 километрии ғарби Маскав, тахминан 100 ҳазор нафар тамошо карданд. 7-уми сентябри соли 1812 фаронсавиҳо дар муҳорибаи Бородино пирӯз шуданд, вале дуршавӣ аз Маскав ва тақвиятёбии муқовимати мардуми Русия онҳоро дар ҷанг ноком кард. Дар маросими саҳнагузории муҳорибаи Бородино президенти Русия Владимир Путин ширкат кард. Ӯ мегӯяд:
Замоне, ки халқҳои Русия муттаҳид мешуданд, онҳо ба бузургтарин пирӯзӣ ва рушди ватан муваффақ мешуданд. Ба ваҷҳи умум ваҳдати мардуми Русия пояи ватандӯстӣ мебошад, ки дар ҳамаи давру замон асоси пирӯзиҳои бузурги мо будааст.”
Баъди шикасти Наполеон ашрофзодаҳои Русия забони фаронсавиро канор гузошта бо ҳам ба забони русӣ ҳарф заданро шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG