Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамла болои телевизиони Сурия 4 касро маҷрӯҳ кард


Акси таркиш дар пойтахти Сурия

Акси таркиш дар пойтахти Сурия

Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, рӯзи шанбе бар асари як ҳамлаи ба қавли телевизион “террористӣ” дар пойтахти ин кишвар чор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба қавли телевизион ва сокинони маҳаллӣ таркиш дар минтақаи Маҳдии ноҳияи Абу Римонаи Димашқ ба вуқӯъ пайвастааст. Пеш аз он расонаҳои давлатии Сурия гузориш доданд, ки рӯзи шанбе дар натиҷаи таркиши мошини саршор аз маводи мунфаҷир дар ҷануби Димашқ камаш 15 кас кушта шуданд. Бархӯрдҳои ошӯбгарон бо нерӯҳои ҳукуматӣ сар аз моҳи июл дар Димашқ идома доранд.
XS
SM
MD
LG