Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо мунтазири экпертизаи Роғун аст


 Кетрин Эштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Кетрин Эштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо

Кетрин Эштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамзамон муовини раиси Комиссияи Аврупо иброз доштааст, ки кӯшишҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар кафолати таҳқиқи мустақили фаннии лоиҳаи такмили нерӯгоҳи барқу оби (НБО) Роғунро дастгирӣ намуда, интизори натиҷаи он аст. Дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъаи 31-уми август дафтари матбуотии Эштон нашр намуд, гуфта мешавад, ки номбурда аз таҳқиқоти иловагии Бонки Ҷаҳонӣ дар масъалаи роҳҳои алтернативии таъмини энергетикии минтақа низ пуштибонӣ мекунад.
Ба қавли Эштон ин таҳқиқот бояд дар танзими муколамаи созанда дар байни тамоми кишварҳои манфиатдор оиди ин лоиҳа ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаву истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳамчун заминае хидмат кунад.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари поёнобро ба чунин муколамаи пойдор бар шаҳодатҳо ва таҳкими механизмҳои истифодаи обу энергияи минтақа даъват мекунад. Хонум Эштон бар ин назар аст, ки ҳар гуна лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ бояд фақат дар сурате татбиқ шавад, ки пажӯҳишҳои мустақили байналмилалии қобили эътимод аз он пуштибронӣ кунанду таъсири эҳтимолии он арзёбӣ шуда бошад. Бар илова раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки дар ин гуна лоиҳаҳо манфиати тамоми ҷонибҳо бояд мадди назар гирифта шудаву роҳҳои ҳалли дарозмуддати қобили қабули ҳамаи ҷонибҳо ҷустуҷӯ шавад.
XS
SM
MD
LG