Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Екатеринбург кабӯтаронро ба Тоҷикистон баргардонданд


Кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Екатеринбург 15 кабутареро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо худ оварда буданд, мусодира карданд. Соҳиби кабутарҳо мехостааст онҳоро дар Екатеринбург ба ҳаводорон бифурӯшад.

Хадамоти фурудгоҳи ин шаҳр гуфтаанд, сайёҳони тоҷик барои ворид кардани кабутарон санади зарурии тиббӣ ва иҷозаи расмӣ надоштааанд.

Кабутарон бо парвози баъдии Екатеринбург-Душанбе ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG