Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми арманиҳо аз раҳоӣ ва рутбаи нави сарбози "қотил"


Раисиҷумҳури Арманистон, Серж Саркисян, муносибати дипломатии кишвараш бо Маҷористонро баррасӣ мекунад. 31-уми августи 2012
Раисиҷумҳури Арманистон, Серж Саркисян, муносибати дипломатии кишвараш бо Маҷористонро баррасӣ мекунад. 31-уми августи 2012

Вазири дифои Озарбойҷон ба Рамил Сафаров, сарбозе, ки як афсари Арманистонро ба қатл расонда буд, рутбаи майор додааст.

Рамил Сафаров дар соли 2004-ум дар ҷараёни машқҳои НАТО дар Маҷористон Гурген Маргариянро бо зарби табар ба қатл расонда буд. Сафаров барои ин куштор дар Маҷористон мӯҳлати ҳабси абадро сипарӣ мекард. Вале баъд аз раҳоии вай аз зиндони Маҷористон ва бозгашташ ба Боку Илҳом Алиев - раисиҷумҳури Озарбойҷон вайро бахшид.

Мақомоти ин кишвар ба Маҷористон қавл дода буданд, ки Рамил Сафаров мӯҳлати боқимондаи зиндонро дар ватанаш сипарӣ хоҳад кард. Аммо чунин нашуд. Серж Саркисян, раисиҷумҳури Арманистон, эълон кард, ки муносиботи дипломатӣ бо Маҷристонро қатъ мекунад.

Гузашта аз ин Ереван мегӯяд, ба раёсати кишварҳои узви САҲА ба гурӯҳи Минск нома мефиристад ва аз раҳоии сарбози озарӣ дар Маҷористон эътироз мекунад. Кохи Сафед низ гуфт, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, баъд аз бахшидани сарбози озарбойҷонӣ аз сӯи раисиҷумҳури Озарбойҷон “амиқан нигарон” шудааст. Бино ба гуфтаи сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ, Обама бар ин ақида аст, ки бахшидани ин сарбози қотил аз сӯи Илҳом Алиев “ба талошҳо дар роҳи коҳиши ташуннуҷ ва таблиғи оштӣ дар минтақа созгор нест”.

Дар як мусоҳиба бо Зардушт Ализода-сиёсатшиноси Озарбойҷон дар Боку пурсидем, оё бахшидани Рамил Сафаров ва додани рутбаи низомӣ ба шахсе, ки мӯҳлати зиндонаш ба поён нарасидааст, ба муқаррароти байналмилалӣ зиддият надорад?

Ализода: "Вақте аз Аскаров -- мудири шӯъбаи ҳуқуқии дафтари раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон пурсида буданд, ки оё бахшидани Рамил Сафаров ба муқаррароти байналмиллалӣ зиддият надорад, вай ҷавоб дода буд: дар ҳукми додгоҳи Будапешт гуфта мешавад, ки Сафаров барои 30 сол маҳкум ба зиндон мешавад ва қабл аз мӯҳлат ҳаққи раҳоӣ надорад. Вай гуфт, ки дар он ҷо дар бораи бахшидани гуноҳи Сафаров ҳарфе оварда нашудааст. Ҳоло вайро бахшиданд. Вай баъд аз 8,5 ним соли зиндон ба хидмати аскарӣ бармегардад. Адиев - вазири дифоъ ин мӯҳлатро хидмати ҳатмии низомӣ ҳисоб кардааст. Дар ин 8,5 сол агар вай хидмат мекард, бояд рутбаи майор мегирифт. Барои ҳамин, ба вай рутбаи майор доданд. Ин аз рӯи расмият гӯиё дуруст аст, вале мантиқан таҳқири қонун аст. Фикр мекунам, ин намунаи комилан нодида гирифтани муқаррароти қонун дар Озарбойҷон аст. Дар кишвари мо ҳама одат кардаанд, ки тасмими раҳбарро иҷро кунанд, на қонуну тасмими додгоҳро."

Озодӣ: Ба навиштаи хабаргузориҳо, раҳбарияти Озарбойҷон ба Маҷористон қавл додааст, ки агар Рамил Сафаровро ба Озарбойҷон таслим кунанд, вай дар ватанаш мӯҳлати боқимондаи зиндонро сипарӣ хоҳад кард. Вале чунин бармеояд, ки раҳбарияти Озарбойҷон ба Маҷористон дурӯғ гуфтааст. Магар чунин нест?

Ализода: "Аввал ин ки раҳбарияти мо одат дорад, ки ваъдаи худро ҳам дар баробари мардуми худ ва ҳам дар баробари маҳофили байналмилалӣ иҷро накунад. Агар дар ёд доред, соли 2000-ум, вақте ки Озарбойҷону Арманистонро ба Шӯрои Аврупо пазируфтанд, онҳо қавл дода буданд, ки роҳи сулҳомези ҳалли муноқишаи Қарабоғро пайдо мекунанд; қавл дода буданд, ки интихоботи озоду одилона баргузор мекунанд; қавл дода буданд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром мегузоранд. Вале Арманистону Озарбойҷон ба қавли худ вафо накарданд. Ин кор ба дараҷаи масъулиятшиносии шахсиятҳои давлатӣ вобаста аст, ки чунин ваъдаҳо медиҳанд. Маълум мешавад, ки онҳо ба ваъдаи худ эҳтиром намегузоранд.”

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, вақте дар сатҳи байналмилалӣ ваъда медиҳанд ва ин ваъда иҷро намешавад, эътибори худи давлат поин намеравад?

Ализода: "Раҳбарияти Арманистон ва Озарбойҷон дар бораи обрӯву эътибори худ андеша намекунанд. Агар ба ин масъала таваҷҷӯҳ мекарданд, ҳуқуқи мардуми худро риоят мекарданд. Фикри онҳо дигар аст. Дар соли 2013-ум дар Озарбойҷон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешаваад. Чаро раҳбарият аз ин масъала дар байни мардум истифода накунад ва барои худ обрӯи арзон нахарад?"
XS
SM
MD
LG