Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушкили зоирини пиёдаи тоҷик дар марзи Ироқ


Чанд нафар аз зоирони пиёдаи тоҷик, ки аз Кӯлоб барои адои фаризаи ҳаҷ пиёда ба роҳ баромада буданд, дар марзи миёни Эрону Ироқ ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора Назари Ибод-яке аз ин зоирин телефонӣ ба радиои Озодӣ хабар дод.

Вай гуфт, бо вуҷуди талошҳову дарёфти виза ё раводиди Ироқ натавонистаанд марзи ин кишварро бигзаранд ва роҳи худро ба сӯи Макка наздиктар кунанд. Ӯ афзуд, чанде пештар роҳбалади онҳо яке аз ҳамроҳонашонро бо худ гирифта ба сӯи Дубай роҳсипор шудааст, аммо ба онҳо маслиҳат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

Бино ба гуфтаи Назари Ибод, вай ва ду ҳамроҳи дигараш -- Амриддин Исмоилов ва Мираҳмад Ёфтакович баъд аз он, ки натавонистанд марзи Ироқро гузаранд, ҳоло дар Эрон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG