Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт соли "Миллат": Аз фошгӯиҳо то мубориза бо Қосимов


Яке аз шумораҳои нашрияи мустақили "Миллат"

Яке аз шумораҳои нашрияи мустақили "Миллат"

Тайи баргузории ҳамоише дар Душанбе ҳафтумин солгарди чопи нашрияи мустақили сиёсии "Миллат" таҷлил шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки 1-уми сентябр бо иштироки ходимони сиёсӣ, рӯшанфикрон ва ҳунармандону рӯзноманигорон баргузор гардид, ба нақши ин нашрия дар эҳёи андешаи миллӣ, рушди забони форсӣ-тоҷикӣ ва арзишҳои фарҳангӣ таъкид шуд.

Муҳаббати Қаноат, донишманди тоҷик, дар ин ҳамоиш гуфт, "Миллат" аз шумори нашрияҳои пештози кишвар аст, ки дар амри пайвастани риштаҳои гусастаи забони форсӣ талош варзида, дар ин росто муваффақ ҳам будааст."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, нашрияи "Миллат"-ро аз ҷумлаи ҳафтаномаҳои мустақиле хонд, ки бо фошгӯиву ҷасорат ва мавқеъгириҳои интиқодии худ дар баррасӣ ва ҳалли мушкили сокинони кишвар саҳм дорад. Ба ин тартиб, хонум Ойниҳол ва дигар аз иштирокдорони ин ҳамоиш ба майдон омадани нашрияҳои мустақилро фоли нек донистанд, ки ба бовари онҳо дар тағйири андешаҳои мардум низ нақши муҳим мебозанд.

"Миллат" нашрияест, ки баъд аз баста шудани се нашрияи мустақилу сахтгӯ - "Рӯзи нав", "Нерӯи сухан" ва "Одаму олам" дар ҳафт соли пеш ба саҳнаи матбуоти тоҷик ворид шуд. Ин нашрия дар ду соли ахир машғули баҳси додгоҳӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон буд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2010-ум алайҳи нашрияи "Миллат" ба додгоҳ муроҷиат карда ва хостори пардохти 1 миллион сомонӣ барои ба гуфтаи ӯ паст задани шаъну эътибори вазорат ва ворид намудани зарари молӣ шуда буд.

Дар соли 2011-ум додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ин даъвои вазири кишоварзиро қонеъ кард ва бо қарори худ "Миллат"-ро барои пардохтани 1500 сомонӣ ва нашри раддия муваззаф сохт. Додгоҳи ҳайати мунсифаи шаҳри Душанбе низ дар моҳи июни соли 2011-ум ин қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки судя Дилором Абдураҳимова бароварда буд, бетағйир гузошт.

Аммо дар моҳи марти соли ҷорӣ, зинаи назоратии додгоҳ, раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва таъйиноти додгоҳи шаҳри Душанберо бекор намуд. Баъдан додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ ин парвандаро комилан қатъ намуда ва бо ҳамин ба даъвои вазир Қосим Қосимов алайҳи нашрияи "Миллат" нуқта гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG