Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷараёни амалиёти раҳоии як гаравгон дар шаҳри Перми Русия, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кушта шудааст.

Дар оғоз расонаҳои Русия аз қавли пулиси маҳаллӣ навиштааанд, гӯиё ин марди 38-сола бо номи Михаил ба хонуми ҳамзисташ таҳдиди куштан кардааст. Онҳо 10 сол боз ҳамзистӣ карда, аз ин никоҳи ғайрирасмӣ 2 фарзанд доштаанд.

Моҷарои ин зану шавҳари ғайрирасмӣ гӯиё барои тамдиди мӯҳлати иқомати шавҳар рух додааст. Зан аз тамдид (дароз кардан)-и мӯҳлати зист даст кашидааст ва шавҳар ӯро гаравгон гирифта, таҳдид кардааст, ки мекушад.

Бино ба хабари матбуоти Русия, нерӯҳои махсус аз хонаи рӯ ба рӯ, ҷараёни пешомадро зери назорат гирифтаанд. Мард ба занаш мӯҳлат додааст, ки ба дархосташ посухи мусбат диҳад. Вақте мӯҳлат ба поён мерасад, ӯ бо корд ба занаш ҳамла мекунад, то ӯро ба қатл расонад. Аммо дар ин ҳангом нишонзане аз хонаи рӯ ба рӯ мардро ҳадафи тир қарор медиҳад. Ҳангоми интиқол ба бемористон ин мард аз захми тир ҷон додааст. Зан ва ду кӯдакаш осеб надидаанд.

Дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ Раҳматуллоҳ Мазориев, яке аз фаъолони ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Перм, навиштаи матбуоти Русияро тасдиқ накард ва гуфт:

Раҳматулло Мазориев

Раҳматулло Мазориев

"Мувофиқи маълумоте, ки аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба даст овардам, онҳо ин кушторро тасдиқ мекунанд, аммо ин шахси кушташуда, ки дар шиноснома миллаташ узбак навишта шудааст, маълум нест, ки аз узбакҳои шаҳрванди Тоҷикистон аст ё Узбакистон. Ба суоли ман дар ин бора кормандони пулис маълумот надоданд."

Озодӣ: Тибқи маълумоте, ки Шумо ба даст овардед, ин куштор чӣ тарз рух додааст ва чӣ кор сабаби куштори ин шаҳрванд шудааст?

Мазориев: "Онҳо бо ҳам солҳои зиёд ҳамзистӣ доштаанд, ба қавли мардуми рус онҳо ақди никоҳи шаҳрвандӣ ё “гражданский брак” доштаанд ва аз якдигар соҳиби фарзанд ҳам будаанд. Пештар ҳар вақт ба шавҳараш муваққатан як сол-ду сол ё камтару бештар аз ин ҳаққи иқомат дар хонааш медодааст. Вале мард хоҳиш кардааст, ки вайро ба таври доимӣ ҳаққи иқомат диҳад. Зан розӣ нашудааст ва шояд фикр кардааст, ки замоне шавҳараш даъвои хона мекунад. Дар шаҳри Перм ин ҳодисаҳо зиёд мушоҳида шудааст. Барои ҳамин, зан ба пешниҳоди шавҳараш розӣ нашудааст."

Суол: Вайро чӣ тарз куштаанд? Бо чӣ роҳе куштаанд?

Мазориев: "Кушта шуданаш дақиқ аст ва ман то ҳол дақиқ намедонам, ки вай шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст ё не, чунки кормандони пулис ба дархости ман дар ин бора ҷавоб надоданд. Онҳо ба ман ин баҳонаро пеш оварданд, ки гӯиё корҳои тафтишотӣ давом дорад."

Суол: Дар яке аз сомонаҳои интернетии Русия навореро гузоштаанд, ки саҳнаи баъд аз куштори ин шахсро нишон медиҳад. Навиштаанд, ҳангоме ин мард мехост, бо корд занашро кушад, нишонзане аз хонаи рӯ ба рӯ вайро ҳадаф қарор додааст. Марди оғуштаи хун дар рӯи фарши хона хобидааст. Назари худи Шумо дар ин бора чист?

Мазориев: "Ман зиёда аз 15 сол дар Перм зиндагӣ мекунам. Ман якум бор аз ҳамин навишта мебинам, ки тоҷике ба куштори занаш, шаҳрванди Русия даст зада бошад. Ба ин кор боварии шахсии ман намеояд. Чунки онҳо бо ҳам солҳои зиёд зиндагӣ кардаанд, фарзанд ҳам доранд. Аз нуқтаи назари ман ва фаҳмиши ман, ин ба ҳақиқат дуруст намеояд. Ҳамсояҳояш низ гуфтаанд, ки вай марди хуб ва ором будааст. Баъзе сомонаҳои интернетӣ ҳар чизеро, ки ба манфиати худашон аст, чоп кардан мегиранд. Мумкин аст, онҳо ният дошта бошанд, ки иғвои байнимиллӣ андозанд. Ба назари ман, дар ин ҷо манфиати шахсии баъзе нафарон нуҳуфтааст, ки тарафдори низоъ андохтани миллатҳо мебошанд. Ин хел чизҳо ҳам ҳастанд. Барои ҳамин, на ҳамаи хабарҳое, ки дар сомонаҳои Русия ба табъ мерасанд, ба ҳақиқат дуруст меоянд."

Илова. Баъд аз чанд соати нашри ин мусоҳиба дар як занги телефонии дигар аз Перм Раҳматулло Мазориев ба Радиои Озодӣ гуфт, аз маҳалли ҳодиса боздид кардааст, ки дар он ҷо муҳоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд. Номи ин марди 38-сола, ки акнун шаҳрвандии тоҷикистониаш дақиқ аст, Муборакшо ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ё Колхозободи пешин будааст. Ҷасади Муборакшоро рӯзҳои наздик тавассути Екатеринбург ба Душанбе мефиристанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG