Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Вардак, ҷони 12 танро рабуд


Бар асари ду таркиши пайдарпай дар наздикии пойгоҳи НАТО дар вилояти Вардак, дар шарқи Афғонистон, 12 нафар кушта шудаанд.

Паймони НАТО эълом кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо ба нерӯҳояш осебе нарасид. Дар айни ҳол мақомоти ин вилоят мегӯянд, ки дар ҳамла чаҳор сарбози артиши миллӣ кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шудаанд.

Шоҳидулло Шоҳид, сухангӯи волии Вардак ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, як фарди худкуш маводи таркандаро, ки дар танаш ҷобаҷо карда буд, дар муқобили дарвозаи идораи ҳукумати ноҳия инфиҷор дод ва баъд шахси худкушӣ дуввумӣ мошини пур аз маводи таркандаро дохили бино оварда дар муқобили қароргоҳи нерӯҳои хориҷӣ тарконд.

Бино ба гуфтаи сухангӯи волии Вардак, бинои идораи ноҳия, фармондеҳии амният ва қароргоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар наздики ҳам қарор доранд. Ба гуфтаи оқои Шоҳид, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, ду аскари хориҷӣ ҳам захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи вай, дар асари ин таркиш, дӯконҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои давлатӣ осеб дидаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати Толибони Афғонистон масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифтааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамлаҳо болои қароргоҳи нерӯҳои хориҷӣ аз сӯи онҳо сурат гирифтааст. Вай иддао кардааст, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо, даҳҳо аскари хориҷӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Соли гузашта низ қароргоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар вулусволии Саидободи Вардак мавриди ҳамлаи мухолифини давлати Афғонистон қарор гирифт, ки боиси захмӣ шудани даҳҳо сарбози хориҷӣ гардид.
XS
SM
MD
LG