Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти раҳбарони ҶАТ дар Теҳрон анҷом ёфт


Раҳбарони 120 кишвари узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Теҳрон мулоқоти худро бо тасвиби қатъномае ба поён расонданд. Онҳо дар ин қатънома гуфтаанд, ки Эрон ҳақи истифодаи сулҳомези нируи ҳастаиро дорад. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ Эронро муттаҳам кард, ки бозрасони ин созмонро ба корхонаи ҳастаии худ дар Порчин иҷоза намедиҳад.

Қаблан оятуллоҳ Хоменеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфт, кишварҳои дар ҳоли рушд нисбат ба Ғарб ва Амрико ҳақи бештар доранд, ки бӯҳрони ҷанги дохилӣ дар Сурияро ҳал кунанд.

Аммо Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки режими “ситампеша”-и Сурия ба раҳбарии президент Башор Асад эътибори қонунии худро аз даст додааст, ба ин далел ҷаҳониён аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG