Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии сарбози озар ғазаби Ереванро барангехт


Ереван мегӯяд, ки ба раёсати кишварҳои узви САҲА ба гурӯҳи Минск нома мефиристад ва аз раҳоии сарбози озарӣ дар Маҷористон эътироз мекунад. Ин сарбоз, ки дар Маҷористон барои куштори афсари Арманистон мӯҳлати ҳабси абадро сипарӣ мекард, ҳоло раҳо ва ба Боку супурда шудааст. Сарбоз Рамил Сафаров дар соли 2004 дар ҷараёни машқҳои НАТО дар Маҷористон Гурген Маргариянро бо зарби табар ба қатл расонда буд.

Рӯзи ҷумъа баъд аз вуруд ба маҷористон Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон Рамил Сафаровро бахшид ва ба мақомоти Маҷористон қавл дод, ки Сафаров мӯҳлати боқимондаи зиндонро дар ватанаш сипарӣ мекунад.

Аммо ин тасмим Арманистонро ба ғазаб овардааст.
Ба гурӯҳи кишварҳои Минск Фаронсаву Русия ва Амрико дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG