Пайвандҳои дастрасӣ

Шарванди Тоҷикистон дар ҳодисаи гаравгонгирии Перм кушта шуд


Дар Перм як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба хонуми ҳамзисташ таҳдиди куштан кардааст, аз тири нируҳои вижаи пулис ба қатл расонда шуд. Ин марди 38 сола, ки аз вай Михаил Ш. ном бурда мешавад, бо ин хонум 10 сол ҳамзистӣ кардааст. Дар ин бора пулиси Перм хабар додааст.

Моҷарои ин зану шавҳари беникоҳ барои тамдиди мӯҳлати иқомати шавҳар рух додааст. Зан аз тамдиди мӯҳлати зист даст кашидааст ва шавҳар вайро гаравгон гирифтааст ва таҳдид кардааст, ки мекушад.

Дар ин бора ба пулиси маҳаллӣ хабар додаанд. Нируҳои вижа аз хонаи рӯ ба рӯ ҷараёни пешомадро зери назорат гирифтаанд. Вақте, ки мӯҳлати додаи мард ба поён мерасад ва вай бо корд ба зан ҳамла мекунад, нишонзан аз хонаи рӯ ба рӯ мардро ҳадафи тир қарор медиҳад.

Ҳангоми интиқол ба бемористон ин мард аз захми тир ҷон додааст. Зан ва ду кӯдакаш осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG